Беш аз 984 млн. $ баҳри рушди Тоҷикистон тӯли 20 сол

Дар ин моҳ мардуми Амрико 20 – солагии Қонуни ҳимоят аз озодиро, ки давлатҳои собиқ  Иттиҳоди Шуравиро дастгирӣ менамояд, қайд мекунанд. Тавре аз сафорати ИМА дар Точикистон хабар доданд, аз соли 1992 то инҷониб ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Тоҷикистон ба миқдори бештар аз 984 миллион доллар барои рушд кӯмак намудааст.  Дар давоми бист соли […]

ASIA-Plus



Дар ин моҳ мардуми Амрико 20 – солагии Қонуни ҳимоят аз озодиро, ки давлатҳои собиқ  Иттиҳоди Шуравиро дастгирӣ менамояд, қайд мекунанд.


Тавре аз сафорати ИМА дар Точикистон хабар доданд, аз соли 1992 то инҷониб ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Тоҷикистон ба миқдори бештар аз 984 миллион доллар барои рушд кӯмак намудааст. 

Дар давоми бист соли ҳамкориҳои ҳукумати  Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва ҳукумати Тоҷикистон, мо аз қобилият ва малакаи мардуми ин кишвар мутаассир гаштаем. Мехостем дар бораи сахткӯшӣ ва таҷриба, ки ҳангоми ҳамкории муштарак аз шариконамон омӯхтем чанд сухан гӯем. Якчанд ривоятро, ки ба мо илҳоми тоза бахшиданд, пешкаши шумо мегардонем. 

Дилафруз Субҳонқулова аз ҷониби Оҷонсии Иёлоти Муттаҳида оид ба  рушди байналмиллалӣ (USAID) дар ҷодаи сохтмони гармхона, мурғпарварӣ, консервакунонии сабзавот ва меваҷот,  ва роҳҳои ҷамъоварию нигаҳдории тухмиҳои сабзавот омӯзонида шудааст. Вай дониш ва малакаи аз худ кардаашро ба 36 нафар зани дигари қишлоқи Кашоти ноҳияи Ҷиргатол таълим додааст. “ Ҳар як аъзои гурӯҳ, аз он ҷумла худи ман, аз маҳсулоти фурӯхташудаи гармхона, дар як моҳ маблағи  228-342 долларро ба даст овардаем.   Дар давоми панҷ соли оянда қариб 201,000 хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ  тавассути  барномаи USAID “Озуқаворӣ ба хотири оянда” ҷиҳати коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва норасоии ғизо, кӯмак хоҳанд гирифт.

Ҳоҷӣ Мирзо Исмоилов шарики лоиҳаи USAID оид ба рушди соҳаи кишоварзӣ даромади деҳқононро тавассути истифодаи таҷрибаҳои намунавӣ зиёд менамояд. Ӯ умед дорад, ки 20 тон ҳосили помидорро ба даст оварда, онро нисбати ҳосили тариқи дигар роҳҳо парваришшуда  50 % зиёдтар аз нархи аввала ба фурӯш барорад.  Ҳангоми вохӯрии хеш бо намояндагони мақомоти маҳаллӣ  ӯ қайд кард:  “ Ҳамкорӣ бо USAID бароям  имконияти хуб дод, зеро дар рушди соҳаи кишоварзии Тоҷикистон ҳадафҳои муштарак дорем.”

Роҳи дигареро, ки барои густариши сулҳу суботи минтақавӣ якҷоя истифода мебарем, ин  рушди иқтисодӣ ва савдо мебошад. USAID  ба бастани шартномаҳои тиҷоратӣ ба маблағи 2.5 миллион доллар бо ширкатҳои тоҷик мусоидат намуд. Дар ҳоле, ки  USAID  нисбати мустаҳкам намудани системаҳои маблағгузории хурд таваҷҷӯҳ пайдо намуд, бонкҳои ҳамкор бастаи қоғазҳои арзишии худро  чор баробар  ба миқдори 7.1 миллион доллар зиёд намуданд.   Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо донорҳои ҳамкори худ ва Хадамоти гумрукии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқ намудани системаи ягонаи автоматикии ахборотӣ  ҳамкорӣ намуд. Истифодаи  системаи электронӣ вақти барасмиятдарории  эъломияи  гумрукиро аз се соат то ба се дақиқа кам намуд. Дар ҳафт моҳи аввал сатҳи қабули  эъломияҳое, ки тариқи  системаи автоматикӣ омода гардидаанд,  аз 1 то 99 фоиз  афзуд.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз болоравии нарх истифода барад?

Ҷумҳурӣ ният дорад, ки ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.