С. Романов: Адвокат бояд бидуни монеъа ба маҳкумшуда дастрасӣ дошта бошад

Ҳимоятгарон Абдураҳмон Шарифов ва Сергей Романов бар ин назаранд, ки иҷозати маҳкумшуда барои вохӯрӣ бо адвокат танҳо пас аз муроҷиати хаттии ӯ ба мақомоти раҳбарии муассисаи ислоҳӣ, ҳуқуқҳои маҳкумшуда ба муҳофизатро нодида гирифта, ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии ҶТ мутобиқ нестанд. Чанде қабл дар ҷаласаи Суди конститутсионӣ муроҷиати ҳомиёни ҳуқуқ оид ба ин масъала баррасӣ […]


Ҳимоятгарон Абдураҳмон Шарифов ва Сергей Романов бар ин назаранд, ки иҷозати маҳкумшуда барои вохӯрӣ бо адвокат танҳо пас аз муроҷиати хаттии ӯ ба мақомоти раҳбарии муассисаи ислоҳӣ, ҳуқуқҳои маҳкумшуда ба муҳофизатро нодида гирифта, ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии ҶТ мутобиқ нестанд.

Чанде қабл дар ҷаласаи Суди конститутсионӣ муроҷиати ҳомиёни ҳуқуқ оид ба ин масъала баррасӣ шуд.

Рӯзҳои 28-уми март ва 2-юми апрели соли равон ҳимоятгарон Абдураҳмон Шарифов ва Сергей Романов ба мақомоти раҳбарии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии ҶТ бо дархост оид ба таъмини дидор бо зерҳимояҳои худ – маҳкумшудагон Орзухон Раҷабов ва Саидҷаъфар Мастоншоев муроҷиат намуданд.

«Дар посухи Сарраёсати мазкур зикр гардид, ки мувофиқи моддаи 91, қ. 5-и Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии ҶТ, ба вохӯрии маҳкумшуда бо ҳимоятгарон танҳо дар сурати дархости маҳкумшуда иҷозат дода мешавад ва дар робита ба ин, иҷрои дархости шумо ғайриимкон аст», – гуфтанд ҳимоятгарон.

Дар робита ба ин ҳимоягарон оид ба таъиноти моддаи 91, қ. 5-и Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии ҶТ нисбати мутобиқати он ба моддаҳои 21 ва 92-и Конститутсияи ҶТ ба Суди конститутсионӣ муроҷиат карданд.

Намояндаи ваколатдори президенти ҶТ дар Суди конститутсионӣ Содиқ Шоназаров бо далелҳои ҳимоятгарон розӣ нашуда изҳор кард, ки дидори адвокат бо маҳкумшуда бидуни муроҷиати хаттии маҳкумшуда риоя накардани ҳуқуқҳои ӯ маҳсуб меёбад.

Дар ҷаласа таъиноти суд содир гардида, мувофиқи он муқаррар карда шуд, ки меъёрҳои зикргардида дар қисми 5, моддаи 91-и Кодекси иҷрои ҷазои


ҷиноятии ҶТ пурра ба меъёрҳои Конститутсияи ҷумҳурӣ мутобиқат мекунанд.  

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.