Президенти Тоҷикистон аз Финландия боздид мекунад

Date:


Нимаи дуюми имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба Финландия раҳсипор мегардад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, зимни сафар ба Хелсинки сарвари давлати Тоҷикистон бо президенти Финландия Саули Ниинисте ва дигар мансабдорони воломақоми давлатии ин кишвар дидору гуфтушунид анҷом хоҳад дод. Аз рӯйи натоиҷи гуфтушунидҳо имзои як қатор асноди ҳамкориҳои байниҳукуматӣ дар назар аст.

Қобили зикр аст, ки моҳи сентябр ба роҳандозии муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Финландия 20 сол пур шуд.

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related