Мусобиқаи байнулмилалии дзюдои диаспораи тоҷикон дар Иркутск

Рӯзҳои 27-28-уми октябри соли равон дар шаҳри Иркуткси Русия бо ташаббуси зодаи Тоҷикистон Эргаш Маҳмадбеков нахустин мусобиқоти байнулмилалӣ оид ба дзюдо миёни наврасон доир мегардад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари диаспораҳои тоҷикон дар Вилояти Иркутск Алишер Ширинов хабар дод, Эргаш Маҳмадбеков муддати 7 сол аст, ки ба ҳайси президенти ташкилоти ҷамъиятии «Рушди дзюдо»-и шаҳри Иркутск […]


Рӯзҳои 27-28-уми октябри соли равон дар шаҳри Иркуткси Русия бо ташаббуси зодаи Тоҷикистон Эргаш Маҳмадбеков нахустин мусобиқоти байнулмилалӣ оид ба дзюдо миёни наврасон доир мегардад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари диаспораҳои тоҷикон дар Вилояти Иркутск Алишер Ширинов хабар дод, Эргаш Маҳмадбеков муддати 7 сол аст, ки ба ҳайси президенти ташкилоти ҷамъиятии «Рушди дзюдо»-и шаҳри Иркутск фаъолият дорад.

«Э.Маҳмадбеков ҳудуди 10 сол ба сифати мураббӣ кор карда, айни замон дар гурӯҳи ӯ беш аз 60 нафар наврасони синнусоли аз 6 то 14-сола ба тамрину машқ машғуланд», – гуфт ӯ.

Ба қавли Ширинов, дар ин муддат аз ҷониби Маҳмадбеков ҳафт мусобиқоти байнулмилаливу умумирусиягӣ ва чорабиниҳои зиёди варзишӣ миёни наврасону калонсолон созмон дода шудаааст.

«Чунин мусобиқот бори нахуст дар Ҳавзаи федералии Сибир доир гардида, дар он 17 тими шаҳру вилоятҳои Русия ва ҳамчунин варзишгарон аз кишварҳои хориҷи наздик, аз ҷумла Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Муғулистон ширкат меварзанд ва дар маҷмӯъ аз иштироки ҳудуди 700 нафар варзишгарон интизорӣ меравад», – иброз дошт номбурда.

Зимнан зикр гардид, ки дар мусобиқот ба сифати меҳмонони фахрӣ раиси шаҳри Иркутск Виктор Кондрашов, сармурабии дастаи мунтахаби Русия оид ба дзюдо Сергей Косинин, дзюдочии маъруфи тоҷик Расул Боқиев ва ҳамчунин дзюдочии шинохтаи рус Тамерлан Тменов низ иштирок хоҳанд кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.