Маърӯзаи нахуствазир дар Ҳамоиши ҷаҳонии энергетикӣ

Нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов дар Ҳамоиши ҷаҳонии энергетикӣ, ки чанде қабл дар пойтахти Аморати Муттаҳидаи Араб – шаҳри Дубай ба кор оғоз кард, иштирок дорад. Дар кори ҳамоиш беш аз 20 нафар сарони кишвару ҳукуматҳо, 40 нафар вазирони соҳавӣ ва зиёда аз 200 нафар роҳбарони ширкатҳои байнулмилалӣ ширкат меварзанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз котиботи […]


Нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов дар Ҳамоиши ҷаҳонии энергетикӣ, ки чанде қабл дар пойтахти Аморати Муттаҳидаи Араб – шаҳри Дубай ба кор оғоз кард, иштирок дорад. Дар кори ҳамоиш беш аз 20 нафар сарони кишвару ҳукуматҳо, 40 нафар вазирони соҳавӣ ва зиёда аз 200 нафар роҳбарони ширкатҳои байнулмилалӣ ширкат меварзанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз котиботи нахуствазири ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, Оқил Оқилов дар рӯзи аввали кори ҳамоиш маърӯза карда, ба ҳозирин дар бораи имконоти гидроэнергетикии Тоҷикистон ва нақшаҳои ҳукумати кишвар доир ба амалисозии лоиҳаҳо дар бахши энергетика маълумот дод.

Ба иттилои манбаъ, Ҳамоиши Дубай баҳри мусоидат ба густариши ҳамкориҳои бисёрҷониба, табодули донишу таҷриба ва ташхисҳо миёни кишварҳо, ки ба пешбурд тавассути рушд ва дастрас гардидан ба энергияи тоза, бехатар ва устувор бо мақсади рушди иҷтимоиву иқтисодӣ манфиатдоранд, нигаронида шудааст.

Бино ба маълумоти СММ, ҳар як нафари панҷум дар сайёра ба нерӯи барқ дастрасӣ надошта, 2,7 млрд. нафар одамон ғизоро бо оташ аз чӯб тайёр мекунанд, ки бо ин амал ба солимии худ ва муҳити зист зиён меоранд.

Мутобиқи пешгӯии коршиносони байнулмилалӣ, муддати 25 соли наздик истеъмоли энергия дар ҷаҳон ба андозаи 70% зиёд хоҳад шуд.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.