Муаррифии гузориши «Роҳандозии тиҷорат-2013» аз ҷониби БҶ

Имрӯз таҳқиқоти муштараки Бонки ҷаҳонӣ ва Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ дар гузорише таҳти унвони «Роҳандозии тиҷорат-2013» барои кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ муаррифӣ мегардад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе хабар доданд, зимни конфронси видеоӣ бо иштироки намояндагони ҷомеаи шаҳрвндӣ ва ВАО баррасии муҳити тиҷорат дар минтақаи Осиёи Марказӣ, мақоми кишварҳо дар […]

Пайрав Чоршанбиев


Имрӯз таҳқиқоти муштараки Бонки ҷаҳонӣ ва Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ дар гузорише таҳти унвони «Роҳандозии тиҷорат-2013» барои кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ муаррифӣ мегардад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе хабар доданд, зимни конфронси видеоӣ бо иштироки намояндагони ҷомеаи шаҳрвндӣ ва ВАО баррасии муҳити тиҷорат дар минтақаи Осиёи Марказӣ, мақоми кишварҳо дар гузориши нав, шароитҳои роҳандозии фаъолияти соҳибкорӣ дар минтақа ва ислоҳоти аз ҳама бештар дар кишварҳо суратгирифта дар назар аст.

Интизор меравад, ки дар чорабинии мазкур директори минтақавии БҶ оид ба минтақаи Осиёи Марказӣ Сароҷ Кумар Ҷа, сармутахассис оид ба рушди бахшҳои хусусӣ ва молиявӣ Каролин Гегинат ва ҳамоҳангсози минтақавии рушди бахши хусусӣ ва молиявӣ Эмануэл Салинас маърӯза хоҳанд кард.

«Дар баробари роҳандозии ислоҳот аз ҷониби давлатҳо баҳри бештар мусоид сохтани қонунгузорӣ барои корхонаҳои ватанӣ, гузориши ҳамасолаи «Роҳандозии тиҷорат» ислоҳоти суратгирифта барои соддакунии оғоз ва роҳандозии тиҷорат, таҳкими шаффофият ва ҳуқуқи моликият ва беҳбуди самаранокии танзими баҳсҳои тиҷоратӣ ва ҳолатҳои варшикастагиро мавриди омӯзиш қарор медиҳад», – зикр мегардад дар иттилоияи интишоргардидаи намояндагии БҶ дар Тоҷикистон.

Рейтинги муштараки осонии роҳандозии тиҷорат ба 10 нишондиҳанда асос ёфта, 185 кишварро фаро мегирад. Дар рейтинги «Роҳандозии тиҷорат-2012» Тоҷикистон нисбат ба нишондиҳандаи соли 2011 5 зина боло рафта, миёни 183 давлати ҷаҳон зинаи 147-умро касб намуда буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.