Тоҷикистон дар рейтинги нави осонии «Роҳандозии тиҷорат-2013», ки дар гузориши муштараки Бонки ҷаҳонӣ ва Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ муаррифӣ гардид, шаш зина боло рафта, миёни 185 кишвари ҷаҳон мақоми 141-умро касб намуд.
Дар муқоиса бо рейтинги соли гузашта Тоҷикистон аз рӯи нишондиҳандаҳои ҳифзи сармоягузорон 40 мавқеъ ва бақайдгирии моликият 12 мавқеъ пешравӣ ба даст овард.
Дар ҳамин ҳол, Тоҷикистон нисбат ба соли гузашта аз рӯи нишондиҳандаҳои бақайдгирии корхонаҳо 7 зина, гирифтани иҷозатнома барои сохтмон – 2 зина, пайваст гардидан ба низоми таъминот бо барқ – 3 зина, қарздиҳӣ – 3 зина, андозбандӣ – 7 зина, савдои байнулмилалӣ – 7 зина, таъмини иҷрои қарордод – 1 зина ва иҷозати пардохтнопазирӣ якбора 11 зина поин рафтааст.


