Варзишгари шинохтаи ҷаҳон Ирина Роднина ба Душанбе меояд

Аз 24 то 27-уми октябр дар ҳайати вакилон, аъзои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ оид ба фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳӣ варзишгари шинохтаи ҷаҳон, Устоди шоистаи варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ, чемпиони секаратаи олимпӣ, чемпиони дукаратаи ҷаҳон, чемпиони ёздаҳкаратаи Аврупо дар рақси рӯи ях, вакили Думаи давлатии Русия ва узви ҳизби умумирусиягии «Русия воҳид» (Единая Россия) Ирина Роднина ба […]


Аз 24 то 27-уми октябр дар ҳайати вакилон, аъзои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ оид ба фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳӣ варзишгари шинохтаи ҷаҳон, Устоди шоистаи варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ, чемпиони секаратаи олимпӣ, чемпиони дукаратаи ҷаҳон, чемпиони ёздаҳкаратаи Аврупо дар рақси рӯи ях, вакили Думаи давлатии Русия ва узви ҳизби умумирусиягии «Русия воҳид» (Единая Россия) Ирина Роднина ба Душанбе ташриф меорад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар ҷараёни сафар ба Тоҷикистон Ирина Роднина ва ҳайати вакилони Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ-ро раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров ба ҳузур пазируфта, бо  ҳайат дар комиссияву кумитаҳои соҳавии Маҷлиси намояндагон мулоқотҳо доир мегарданд.

Ба гуфтаи ӯ, рӯзи 25-уми октябр дар бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ оид ба фарҳанг, иттилоот, сайёҳӣ ва варзиш баргузор мегардад.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.