Омбудсмен ҷонибдори тафтиши беғаразонаи қазияи марги Икромзода аст

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон Зариф Ализода ба Прокуратураи генералии ҶТ оид ба ҳолати марги Икромов Ҳамзалӣ муроҷиат намуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ иттилоъ доданд, дар муроҷиат аз марги Ҳамза Икромзода изҳори нигаронӣ шуда, аз Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост мегардад, ки тафтиши […]


Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон Зариф Ализода ба Прокуратураи генералии ҶТ оид ба ҳолати марги Икромов Ҳамзалӣ муроҷиат намуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ иттилоъ доданд, дар муроҷиат аз марги Ҳамза Икромзода изҳори нигаронӣ шуда, аз Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост мегардад, ки тафтиши қазияи мазкур фавран ва беғаразона сурат гирифта, аз натиҷаҳои он ба Ваколатдор хабар дода шавад.

Ёдрас мекунем, ки маҳбус Ҳамза Икромзода 20-уми сентябри соли равон дар муассисаи ислоҳии № 1 шаҳри Душанбе, ки дар он адои ҷазо менамуд, фавтид.

Қаблан ҳимоятгари ҷониби ҷабрдида Гулчеҳра Холдматова ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дода буд, ки прокуратура оид ба назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ дар робита ба марги Ҳамза Икромзода мутобиқи моддаи 322 (Хунукназарӣ)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз намудааст. Ҳимоятгар мегӯяд, ӯ талош хоҳад варзид, ки нисбати шахсони мансабдори гунаҳкор дар марги маҳбус мутобиқи моддаи 143, дараҷ. 1 (Шиканҷа) парвандаи ҷиноӣ боз карда шавад.

Ҳамчунин хоҳари фавтида Дилхоҳ Икромзода ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дода буд, ки ахири моҳи сентябр падари ӯ – Файзалӣ Икромов ба президенти кишвар муроҷиат намуда, аз ӯ дархост намуда буд, ки гунаҳкорони марги писараш ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. «Дар посух сарвари давлат ба мо хабар дорд, ки аз ин ҳодиса бохабар аст ва ҷаораёни трафтиши сабабҳои марги бародарамро таҳти назорати шахсӣ қарор додааст», – изҳор карда буд Дилхоҳ.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.