Вохӯрии президент бо тоҷикистониёни муқими Финландия

Date:


Шоми рӯзи 23 октябр Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Ҳелсинки – пойтахти Финландия шуд.

Боздиди нахустини сарвари давлати Тоҷикистон аз Финландия бо мулоқоти судманди ӯ бо ҳамзабонону ҳамватанони муқими ин кишвар оғоз ёфт.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар оғози вохӯрӣ хотиррасон гардид, ки сарвари давлат пайваста зимни сафарҳои хориҷӣ кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки бо тоҷикону ҳамватанони бурунмарзӣ мулоқотҳои судманд анҷом диҳад.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки имрӯз Тоҷикистон бо 124 кишвари ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ ба роҳ монда, барои фароҳам овардани заминаи зарурии ҳамкории гуногунҷанба бо онҳо қариб 1,5 ҳазор шартномаву дигар санадҳои ҳуқуқӣ ба имзо расондааст.

Аз марҳилаи “шиносоии мутақобила” ва “интизории қадамҳо ба сӯи якдигар” гузашта, ба масири рушди бемайлон ворид шудани робитаҳои Тоҷикистону кишварҳои Аврупо заминаи хуб барои густариши ҳамкории гуногунҷанба, аз ҷумла бо ҷалби ҳамзабонону ҳамватанони муқими ин қитъа номида шуд.

Эмомалӣ Раҳмон зимнан изҳор дошт: “Мо ҳавасманди ҷалби ҳамдиёрони бурунмарзиамон ба равандҳои бунёдкорӣ дар Тоҷикистон буда, хоҳони онем, ки онҳо шарикони доимии Ҳукумати кишвар дар раванди рушди устувори ҷумҳурӣ бошанд”.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки «давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон пушту паноҳи ҳамаи ҳамватанону ҳамдиёрони бурунмарзӣ аст ва сарфи назар аз маҳалли кору зиндагиашон, бо қадри имкон онҳоро дастгирӣ мекунад».

Дар мулоқот сӯҳбати озоду самимӣ сурат гирифт. Зимни он Эмомалӣ Раҳмон ба суолу дархостҳои ҳамзабонону ҳамватанони муқими Финляндия посух гуфта, ба масъулини дахлдор аз ҳайати ҳамроҳи худ барои татбиқи амалии пешниҳодҳои муфиди онҳо дастуру ҳидоятҳо дод. Ба ҳамватанони муқими Финляндия, ҳамчунин асбобҳои мусиқӣ ва либосҳои милили тоҷикӣ, китобу маводи дигари муаррификунандаи ҳаёти гузашта ва имрӯзаи Тоҷикистон тақдим карда шуд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related