Натиҷагирӣ аз рушди иқтисодиву иҷтимоӣ дар зарфи 9 моҳ

Дар ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ аз рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар зарфи 9 моҳ натиҷагирӣ шуда, вазифаҳо то ахири сол муайян карда шуданд. Дар маърӯзаи худ муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Умеди Давлатзод қайд кард, ки дар моҳҳои январ-сентябри соли равон ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) 24,8 млрд. […]


Дар ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ аз рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар зарфи 9 моҳ натиҷагирӣ шуда, вазифаҳо то ахири сол муайян карда шуданд.

Дар маърӯзаи худ муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Умеди Давлатзод қайд кард, ки дар моҳҳои январ-сентябри соли равон ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) 24,8 млрд. сомониро ташкил дод, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 4,8 млрд. сомонӣ зиёд аст. «Суръати афзоиши воқеии ММД ба 7,5% расида, дар сохтори он истеҳсоли маҳсулот – 44,9, хизматгузорӣ – 42,2 ва андоз – 12,9%-ро ташкил дод», – гуфт муовини вазир.

Вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар Шариф Раҳимзода зикр кард, ки сарфи назар аз ҳама мушкилот, дар ин давра иқтисоди ҷумҳурӣ ба натиҷаҳои хуб ноил гардид, ки афзоиши ҳиссаи истеҳсоли маҳсулот дар сохтори ММД гувоҳи он аст. «Ин маънои онро дорад, ки дар ҷумҳурӣ корхонаҳои нави истеҳсолӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд», – афзуд вазир.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.