«Барқи тоҷик»: Низоми энергетикӣ бо реҷаи муқаррарӣ фаъолият дорад

spot_imgspot_img

Дата:


Айни замон низоми энергетикии Тоҷикистон бо реҷаи муқаррарӣ фаъолият дошта, барои ташвишҳои марбут ба шадидтар намудани реҷаи маҳдуди истифодаи барқ ҳеҷ сабабе мавҷуд нест. Дар ин бора аз ШСХК «Барқи тоҷик» иттилоъ доданд.

Ба иттилои манбаъ, нерӯгоҳи «Норак», ки 60%-и истеҳсоли нерӯи барқи ҷумҳурӣ ба он рост меояд, тибқи реҷаи муқаррарӣ барои ҳамин фасли сол фаъолият дорад.

«Бо фарорасии сардиҳо маҷрои дарёи Вахш каме поин рафта, имрӯзҳо ҷоришавии 300 метри мукааби об дар як сонияро ташкил медиҳад ва бинобар сабаби кофӣ набудани ин сатҳи маҷро барои истеҳсоли ҳаҷми зарурии нерӯи барқ, шабонарӯзӣ 8-10 сантиметри захираи оби обанбори Норак истифода мегардад», – гуфтанд дар ширкат.

Дар ширкат хотиррасон намуданд, ки ба хотири истифодаи оқилонаи захираҳои оби обанбори Норак аз аввали моҳи октябр дар манотиқи кишвар реҷаи маҳдуди истифода нерӯи барқ ҷорӣ гардид.

«Зимистон маҷрои дарёи Вахш то 100-150 метри мукааб дар як сония поин меравад ва аз ин рӯ, мо маҷбурем, ки феълан лимити истифодаи барқро ҷорӣ созем, то ки дар мавсими сармо тамоман бебарқ намонем», – афзуд манбаъ.

Қобили зикр аст, ки айни замон манотиқи деҳоти ҷумҳурӣ шабонарӯзӣ 14 соат – 7-соатӣ субҳу шом бо нерӯи барқ таъмин карда мешаванд. Ба шаҳр ва марказҳои ноҳияҳо барқ мунтазам интиқол дода мешавад.

Популярное

Похожие материалы