«Барқи тоҷик»: Низоми энергетикӣ бо реҷаи муқаррарӣ фаъолият дорад

Айни замон низоми энергетикии Тоҷикистон бо реҷаи муқаррарӣ фаъолият дошта, барои ташвишҳои марбут ба шадидтар намудани реҷаи маҳдуди истифодаи барқ ҳеҷ сабабе мавҷуд нест. Дар ин бора аз ШСХК «Барқи тоҷик» иттилоъ доданд. Ба иттилои манбаъ, нерӯгоҳи «Норак», ки 60%-и истеҳсоли нерӯи барқи ҷумҳурӣ ба он рост меояд, тибқи реҷаи муқаррарӣ барои ҳамин фасли сол […]


Айни замон низоми энергетикии Тоҷикистон бо реҷаи муқаррарӣ фаъолият дошта, барои ташвишҳои марбут ба шадидтар намудани реҷаи маҳдуди истифодаи барқ ҳеҷ сабабе мавҷуд нест. Дар ин бора аз ШСХК «Барқи тоҷик» иттилоъ доданд.

Ба иттилои манбаъ, нерӯгоҳи «Норак», ки 60%-и истеҳсоли нерӯи барқи ҷумҳурӣ ба он рост меояд, тибқи реҷаи муқаррарӣ барои ҳамин фасли сол фаъолият дорад.

«Бо фарорасии сардиҳо маҷрои дарёи Вахш каме поин рафта, имрӯзҳо ҷоришавии 300 метри мукааби об дар як сонияро ташкил медиҳад ва бинобар сабаби кофӣ набудани ин сатҳи маҷро барои истеҳсоли ҳаҷми зарурии нерӯи барқ, шабонарӯзӣ 8-10 сантиметри захираи оби обанбори Норак истифода мегардад», – гуфтанд дар ширкат.

Дар ширкат хотиррасон намуданд, ки ба хотири истифодаи оқилонаи захираҳои оби обанбори Норак аз аввали моҳи октябр дар манотиқи кишвар реҷаи маҳдуди истифода нерӯи барқ ҷорӣ гардид.

«Зимистон маҷрои дарёи Вахш то 100-150 метри мукааб дар як сония поин меравад ва аз ин рӯ, мо маҷбурем, ки феълан лимити истифодаи барқро ҷорӣ созем, то ки дар мавсими сармо тамоман бебарқ намонем», – афзуд манбаъ.

Қобили зикр аст, ки айни замон манотиқи деҳоти ҷумҳурӣ шабонарӯзӣ 14 соат – 7-соатӣ субҳу шом бо нерӯи барқ таъмин карда мешаванд. Ба шаҳр ва марказҳои ноҳияҳо барқ мунтазам интиқол дода мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.