Дар остонаи таҷлили Иди Қурбон Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ба тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1-и шаҳри Душанбе бо маводи ғизойӣ кӯмак расонид.
Тавре аз вазорати мазкур хабар доданд, кӯмаки ғизойӣ ба маблағи умумии 7 ҳазор сомонӣ аз як миқдор равғани рустанӣ, биринҷ, картошка, шириниҳо ва дигар маҳсулоти хӯрокворӣ иборат аст.
Қобили зикр аст, ки айни замон шумори тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1-и пойтахт 600 нафарро ташкил медиҳад.
Мебояд гуфт, ки ҳамасола дар арафаи Иди Қурбон кӯмак расонидан ба мактаб-интернату хонаҳои кӯдакон аз ҷониби вазорату идораҳо ва муассисаҳои давлатӣ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва шахсони ҷудогона ба ҳукми анъана даромадааст.
Соли равон Иди Қурбон дар Тоҷикистон рӯзи 26-уми октябр таҷлил мегардад.





