Муаррифии маҳсулоти ширкатҳои Тоҷикистон дар намоишгоҳи «ExpoFood»

Як ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳи махсуси VII-уми маводи ғизоӣ ва нӯшокиҳои «ExpoFood», ки чанде қабл дар шаҳри Сочи баргузор гардид, иштирок кард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд, ҳайати Тоҷикистонро дар ин чорабинии серӯза директори генералии ПСС вилояти Суғд Мақсуд Зиёбоев роҳбарӣ намуда, дар намоишгоҳ маҳсулоти ширкатҳои тоҷикистонии ҶСП […]


Як ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳи махсуси VII-уми маводи ғизоӣ ва нӯшокиҳои «ExpoFood», ки чанде қабл дар шаҳри Сочи баргузор гардид, иштирок кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд, ҳайати Тоҷикистонро дар ин чорабинии серӯза директори генералии ПСС вилояти Суғд Мақсуд Зиёбоев роҳбарӣ намуда, дар намоишгоҳ маҳсулоти ширкатҳои тоҷикистонии ҶСП «Оби зулол», ҶСК «Комбинати консерваи Хуҷанд», ҶСП КМ «Хуҷанд Пакежинг», ҶДММ «Кулқанд», ҶДММ «Баракат Исфара» ва ҶДММ «Исфарафуд» ба маърази тамошо гузошта шуданд.

Ба иттилои манбаъ, дар доираи чорабиниҳои намоишгоҳ соҳибкорони тоҷик бо ҳамтоёни худ дидору гуфтушунид анҷом доданд. «Ҳамчунин ҳайати Тоҷикистон дар кори конфронс, семинар ва мизҳои гирд, ки ба масоили тақвияти ҳамкорӣ бахшида шуда буданд, низ ширкат варзид», – гуфтанд дар ПСС ҶТ.

Зимни суханронӣ дар чорабинии мазкур М.Зиёбоев таъкид кард, ки намоишгоҳ барои рушди мутақобилаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, муайян кардани самтҳои афзалиятноки сармоягузорӣ, муттаҳид сохтани кӯшишоти ҷонибҳо баҳри амалисозии як қатор лоиҳаҳои муштарак ва таъсиси корхонаҳои муштарак дар бахши истеҳсоли маводи ғизоӣ ва нӯшокиҳо шароити мусоид фароҳам меоварад.

Дар навбати худ раиси Палатаи савдо ва саноати шаҳри Сочи Вадим Левченко густариши робитаҳо бо корхонаҳои Тоҷикистонро таъкид намуда, изҳор кард, ки дар бахшҳои иқтисоду савдо, алоқа, кишоварзӣ ва саноати кӯҳкориву зербино миёни кишварҳо ҳамкориҳои муваффақона ба роҳ монда шудаанд, ки ба рушди иқтисодиву иҷтимоии кишварҳо такони ҷиддӣ мебахшад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.