Сафари директори Агентии назорати маводи нашъаовар ба Бишкек

Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ генерал-лейтенант Рустам Назаров имрӯз дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсози роҳбарони мақомоти салоҳиятдори мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддири кишварҳои узви ИДМ, ки дар пойтахти Қирғизистон – шаҳри Бишкек ба кор шурӯъ мекунад, ширкат меварзад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз шуъбаи робита бо ҷомеаи АНМН иттилоъ доданд, дар ҷаласа […]


Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ генерал-лейтенант Рустам Назаров имрӯз дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсози роҳбарони мақомоти салоҳиятдори мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддири кишварҳои узви ИДМ, ки дар пойтахти Қирғизистон – шаҳри Бишкек ба кор шурӯъ мекунад, ширкат меварзад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз шуъбаи робита бо ҷомеаи АНМН иттилоъ доданд, дар ҷаласа баррасии масоили марбут ба фаъолияти Шӯрои ҳамоҳангсози роҳбарони мақомоти салоҳиятдори мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддири кишварҳои узви ИДМ дар давоми соли равон ва дурнамои кори он дар соли 2013 ва солҳои минбаъда дар назар аст.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа ҳамчунин масъалаҳои табодули захираҳои маълумот оид ба таҳияи лоиҳаи стратегияи зиддимухаддиротии кишварҳои узви ИДМ, натиҷаҳои амалиёти «Канал-Восток» ва дигар амалиёти муштарак дар доираи амалиёти минтақавии «Канал» ва натиҷаҳои тамрини байнулмилалии воҳидҳои зиддимухаддиротӣ ва мақомоти корҳои дохилии кишварҳои узви СААД низ мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.