Суди Аврупо аз рабудани Қорӣ Восит дар Русия огоҳ шуд

Пас аз чанд рӯзи озод шудан аз боздоштгоҳи Волгоград шаҳрванди Тоҷикистон Абдулвосит Латифов, дар доираҳои ҷиноӣ маъруф ба «Қорӣ Восит» рабуда шуд. Душанбе. 25-уми октябр. «Азия-Плюс» — Бино ба маълумоти расонаҳои хабарии Русия, пас аз чанд рӯзи озод шудан аз боздоштгоҳи Волгоград шаҳрванди Тоҷикистон Абдулвосит Латифов, дар доираҳои ҷиноӣ маъруф ба Қорӣ Восит рӯзи 20-уми […]

ASIA-Plus


Пас аз чанд рӯзи озод шудан аз боздоштгоҳи Волгоград шаҳрванди Тоҷикистон Абдулвосит Латифов, дар доираҳои ҷиноӣ маъруф ба «Қорӣ Восит» рабуда шуд.

Душанбе. 25-уми октябр. «Азия-Плюс» — Бино ба маълумоти расонаҳои хабарии Русия, пас аз чанд рӯзи озод шудан аз боздоштгоҳи Волгоград шаҳрванди Тоҷикистон Абдулвосит Латифов, дар доираҳои ҷиноӣ маъруф ба Қорӣ Восит рӯзи 20-уми октябр рабуда шуд.

«Қорӣ Восит» моҳи ноябри соли 2010 аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия боздошт гардид. Баъди боздошт ҷониби Тоҷикистон аз Русия талаб намуд, ки Абдулвосит Латифовро ба ихтиёри Душанбе супорад. «Барои будубоши ғайриқонунӣ дар қаламрави Русия», суди шаҳри Волгоград дар бораи истирдоди ӯ қарор қабул кард.

Дар Тоҷикистон Абдулвосит Латифов дар содир кардани ҷиноятҳои махсусан вазнин аз қабили куштор, роҳзанӣ, одамдуздӣ гумонбар дониста мешавад. Тибқи баъзе маълумот, аъзои дастаи Қорӣ Восит ба даст доштан дар 25 амали террористӣ ва марги беш аз 40 нафар муттаҳам дониста мешаванд. Қобил ба ёдоварист, ки мақомот қатли собиқ прокурори генералии Тоҷикистон Нурулло Ҳувайдуллоев, марги 19 марзбони рус ва 4 корманди шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдатро дар солҳои 90 –ум кори дасти гурӯҳи Қорӣ Восит арзёбӣ намуда буданд.

Бино ба Хадамоти федералии амнияти Русия, солҳои 90-ум аъзои дастаи Абдулвосит Латифов дар урдӯгоҳҳои низомии Эрон ва Покистону Афғонистон таълими ҳарбӣ гирифтаанд. Соли 2011 хадамоти махсуси Русия аъзои ин гурӯҳ Зубайдулло Шоев ва Боймурод Хоҷаевро ба Тоҷикистон истирдод намуданд. Моҳи августи соли 2011 бо қарори суд Боймурод Хоҷаев ба 18 соли зиндон маҳкум гардид.

Ёдрас мекунем, ки аввали соли равон Суди Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон ба Ваколатдори Русия дар назди Суди Аврупо Георгий Матюшкин мактубе ирсол кард, ки дар он нисбат ба ҳодисаҳои аз Русия бедарак шудани арзкунандагоне, ки кишварҳои хориҷӣ истирдодашонро талаб мекунанд, изҳори нигаронии ҷиддӣ карда шуда буд. Елена Рябинина, роҳбари барномаи русиягии «Ҳуқуқ ба паноҳгоҳ»-и Пажӯҳишгоҳи ҳуқуқи инсон, ки ба гурезагон аз минтақаи Осиёи Марказӣ кӯмаки ҳуқуқӣ мерасонад, изҳор дошта буд, ки раиси Суди Аврупо аз ҳодисае изҳори нигаронӣ кардааст, ки Муродҷон Абдулҳақов, Сӯҳроб Қозиев, Савриддин Ҷӯраев ва Рустам Зоҳидови бедаракшуда, ки истирдоди онҳо мувофиқи қоидаи 39-и регламенти суд боздошта шуда буд, аз ҷониби шахсони номаълум ба Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бурда шудаанд.

Хабаргузории «Фергана» бо истинод ба Юлия Аксёнова, ҳимоятгари Абдулвосит Латифов иттилоъ медиҳад, ки ӯ таҳти ҳифозати Суди Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон қарор дорад. Ахири моҳи октябр муҳлати аз ҷониби Суди Аврупо ба Русия додашуда, ки дар давоми он бояд Русия оид ба парвандаи Латифов ба суд тавзеҳи хаттӣ мефиристод, ба итмом мерасад. Ба қавли ҳимоятгар, ба Суди Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон перомуни рабуда шудани Латифов факс ирсол гардидааст. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.