Дар иҷлосияи навбатии Шӯрои генералии Созмони ҷаҳонии тиҷорат (СҶТ) дар Женева гурӯҳи корӣ оид ба ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба СҶТ рӯзи 26-уми октябр як бастаи ҳуҷҷатҳо оид ба узвияти ҷумҳурӣ ба ин созмонро қабул кард.
Бино ба маълумоти хабаргузории ИТАР-ТАСС, бастаи ҳуҷҷатҳо аз маҷмӯи уҳдадориву ҳуқуқҳо, рӯйхати уҳдадориҳо оид ба гузаштҳои тарофавӣ дар соҳаи маҳсулот ва сатҳи дастгирии бахши кишоварзӣ, номгӯи уҳдадориҳо оид ба хизматгузорӣ, санади ҳамроҳшавӣ ва лоиҳаи қарори Шӯрои генералии СҶТ иборат мебошанд.
Дар иҷлосияи минбаъдаи Шӯрои генералии СҶТ, ки моҳи декабр дар назар аст, ба Тоҷикистон баҳри узвият ба ин созмон давъати расмӣ карда мешавад. Сипас тасдиқсозии ин бастаи ҳуҷҷатҳо аз ҷониби парлумони кишвар зарур аст.
Интизорӣ меравад, ки барои анҷоми ин корҳо ба Тоҷикистон ҳудуди шаш моҳ муҳлат зарур меояд. Ин маънои онро дорад, ки Тоҷикистон пас аз 12 соли оғози гуфтушунидҳо нимаи соли оянда узви комилҳуқуқи СҶТ мешавад, ки айни замон 157 кишвари ҷаҳонро муттаҳид менамояд.
Ёдрас мекунем, ки аввали соли 2001 президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳавасамандии кишвар ба узвият дар СҶТ дар фурсатҳои наздиктарин ибрози андеша намуда буд. Мувофиқи мактуб-дархости кишвар дар моҳи июни соли 2011 Шӯрои генералии СҶТ ба Тоҷикистон мақоми нозирро дода, дар бораи таъсиси гурӯҳи корӣ оид ба баррасии масъалаи узвияти Тоҷикистон ба ин созмони бонуфуз қарор қабул кард.


