Эҳтимоли узви комилҳуқуқи СҶТ шудани Тоҷикистон дар соли оянда

Дар иҷлосияи навбатии Шӯрои генералии Созмони ҷаҳонии тиҷорат (СҶТ) дар Женева гурӯҳи корӣ оид ба ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба СҶТ рӯзи 26-уми октябр як бастаи ҳуҷҷатҳо оид ба узвияти ҷумҳурӣ ба ин созмонро қабул кард. Бино ба маълумоти хабаргузории ИТАР-ТАСС, бастаи ҳуҷҷатҳо аз маҷмӯи уҳдадориву ҳуқуқҳо, рӯйхати уҳдадориҳо оид ба гузаштҳои тарофавӣ дар соҳаи маҳсулот ва […]


Дар иҷлосияи навбатии Шӯрои генералии Созмони ҷаҳонии тиҷорат (СҶТ) дар Женева гурӯҳи корӣ оид ба ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба СҶТ рӯзи 26-уми октябр як бастаи ҳуҷҷатҳо оид ба узвияти ҷумҳурӣ ба ин созмонро қабул кард.

Бино ба маълумоти хабаргузории ИТАР-ТАСС, бастаи ҳуҷҷатҳо аз маҷмӯи уҳдадориву ҳуқуқҳо, рӯйхати уҳдадориҳо оид ба гузаштҳои тарофавӣ дар соҳаи маҳсулот ва сатҳи дастгирии бахши кишоварзӣ, номгӯи уҳдадориҳо оид ба хизматгузорӣ, санади ҳамроҳшавӣ ва лоиҳаи қарори Шӯрои генералии СҶТ иборат мебошанд.

Дар иҷлосияи минбаъдаи Шӯрои генералии СҶТ, ки моҳи декабр дар назар аст, ба Тоҷикистон баҳри узвият ба ин созмон давъати расмӣ карда мешавад. Сипас тасдиқсозии ин бастаи ҳуҷҷатҳо аз ҷониби парлумони кишвар зарур аст.

Интизорӣ меравад, ки барои анҷоми ин корҳо ба Тоҷикистон ҳудуди шаш моҳ муҳлат зарур меояд. Ин маънои онро дорад, ки Тоҷикистон пас аз 12 соли оғози гуфтушунидҳо нимаи соли оянда узви комилҳуқуқи СҶТ мешавад, ки айни замон 157 кишвари ҷаҳонро муттаҳид менамояд.

Ёдрас мекунем, ки аввали соли 2001 президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳавасамандии кишвар ба узвият дар СҶТ дар фурсатҳои наздиктарин ибрози андеша намуда буд. Мувофиқи мактуб-дархости кишвар дар моҳи июни соли 2011 Шӯрои генералии СҶТ ба Тоҷикистон мақоми нозирро дода, дар бораи таъсиси гурӯҳи корӣ оид ба баррасии масъалаи узвияти Тоҷикистон ба ин созмони бонуфуз қарор қабул кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.