HRW: Барҳам додани «Ампаро» зарбаест ба ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон

Дар изҳороти интишоргардидаи созмони байнулмилалии ҳуқуқи башар «Human Rights Watch» (HRW) дар робита ба қатъи фаъолияти Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони ҷавони «Ампаро» гуфта мешавад, ин қарори суд бояд мутобиқи уҳдадориҳои байнулмилалии кишвар дар бораи дастгирии озодии иттиҳодияҳо дубора бозбинӣ гардад. HRW бар ин назар аст, ки қори суд мақсади сиёсӣ дорад, зеро АҲҶ «Ампаро» фаъолияти худро дар […]


Дар изҳороти интишоргардидаи созмони байнулмилалии ҳуқуқи башар «Human Rights Watch» (HRW) дар робита ба қатъи фаъолияти Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони ҷавони «Ампаро» гуфта мешавад, ин қарори суд бояд мутобиқи уҳдадориҳои байнулмилалии кишвар дар бораи дастгирии озодии иттиҳодияҳо дубора бозбинӣ гардад.

HRW бар ин назар аст, ки қори суд мақсади сиёсӣ дорад, зеро АҲҶ «Ампаро» фаъолияти худро дар самти ҳифзи ҳуқуқи даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ роҳандозӣ намуда, чандин маротиба ба ҷой доштани ҳодисаҳои шиканҷаву таҳқир дар артиш ишора кардааст.  

«Як ҳафта пеш аз пешниҳоди даъвои Раёсати адлияи вилояти Суғд намояндаи ташкилоти «Ампаро» зимни суханронӣ дар яке аз семинарҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба масъалаи шиканҷа, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо созмон дода шуда буд, назди ҳозирин перомуни зарурати назорати маълумот дар бораи шиканҷа ва туҳмату таҳқир дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ изҳори назар карда буд», – баён мегардад дар изҳороти HRW. – Як моҳ қабл намояндагони «Ампаро» барои гузоришгари вижаи СММ Хуан Мендес, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дошт, роҷеъ ба таҳқирҳо нисбат ба навдаъватшудагон ба хизмати ҳарбӣ брифингро таъмин намуда буданд».

Директори HRW оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Хю Уилямсон изҳор доштааст, ки ин парванда аз аввал тобиши сиёсӣ дошта, кӯшиши воқеии ҳукуматдорон баҳри хомӯш кардани касонест, ки рӯйи мушкилоти муҳим аз қабили шиканҷаву ҳифзи ҳуқуқи даъватшавандагон кор мекунанд. «Ин як гомест ба қафо дар бахши дифоъ аз ҳуқуки инсон дар Тоҷикистон», – иброз доштааст вай.

Дар изҳороти HRW таъкид мегардад, ки АҲҶ «Ампаро» дар беҳбуди сатҳи маърифатнокии ҳуқуқӣ миёни ҷавонон, бахусус даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ нақши муҳим дошта, аз мақомоти судӣ ва ҳукуматдорон даъват ба амал меоварад, ки мутобиқи уҳдадориҳои байнулмилалии кишвар дар бораи озодии иттиҳодияҳо қарори худро фавран мавриди бозбинӣ қарор диҳанд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 24-уми октябри соли равон суди шаҳри Хуҷанд дар бораи барҳам додани Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони ҷавони «Ампаро» қарор содир намуд. Раиси ташкилоти «Ампаро» Дилрабо Самадова зикр кард, ки ба адолатнокӣ ва мустақилияти низоми судӣ умедвор буд. «Мутаассифона, мо имрӯз ҳам ба вобаста будани низоми судӣ шоҳид гардидем. Вале мо таслим шуданӣ нестем ва фаъолиятамон дар соҳаи ҳимоят аз ҳуқуқро қатъ карданӣ нестем», – изҳор дошт номбурда.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.