Адвокат: Нафари нав дар қазияи садамаи нақлиёти журналист

Ҳимоятгари журналисти аз садамаи нақлиёт осебдидаи бахши форсии хабаргузории Би-би-Сӣ Искандари Фирӯз мегӯяд, дар ҷараёни тафтишот номи ронандаи гунаҳкор дар садама иваз карда шудааст. Ҳимоятгари журналист Саидбек Фозилов дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор кард, ки қаблан Раёсати БДА ВКД ҶТ иттилоъ дода буд, ки ҳангоми садама автомашинаи тамғаи «Ланд-крузер» таҳти идораи Айёмиддин Раҳмиддинзодаи […]

Меҳрангез Турсунзода, махсус барои asia+


Ҳимоятгари журналисти аз садамаи нақлиёт осебдидаи бахши форсии хабаргузории Би-би-Сӣ Искандари Фирӯз мегӯяд, дар ҷараёни тафтишот номи ронандаи гунаҳкор дар садама иваз карда шудааст.

Ҳимоятгари журналист Саидбек Фозилов дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор кард, ки қаблан Раёсати БДА ВКД ҶТ иттилоъ дода буд, ки ҳангоми садама автомашинаи тамғаи «Ланд-крузер» таҳти идораи Айёмиддин Раҳмиддинзодаи 22-сола қарор дошт, ҳоло бошад, дар парванда номи нафари дигар – Шарифов Нусратулло Раҳматович зикр шудааст.

Ба қавли ҳимоятгар, ин маълумотро ба наздикони журналист муфаттиши шуъбаи садамаҳои нақлиёти ВКД Тоҷикистон хабар додаст, ки феълан парванда дар ин ҷо мавриди тафтиш қарор дорад. Қаблан тафтишот дар шуъбаи садамаҳои нақлиёти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе гузаронида мешуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» худи муфаттиш Саъдулло Юнусов хабар дод, шахсияти ронанда то ҳанӯз мушаххас нест. «Аввал ӯ худро Айёмиддин Раҳмиддинзода номид, акнун мегӯяд, ки номи ӯдигар аст. Дар ҳамин ҳол, ӯ на шиноснома дораду на ҳуҷҷати ронандагӣ. Барои мушаххас намудани шахсияти ӯ мо ба шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Рӯдакӣ дархост равона кардем», – иброз дошт Юнусов.

Ба гуфтаи муфаттиш, ронанда ҳатто барои мушаххас кардани шахсияташ боздошт нашудааст. «Чӣ тавр метавон барои ҳабси ӯ иҷозат дод, дар ҳоле ки мо то ҳол намедонем, ки ӯ кист. Дар ҳамин ҳол, зимни ба наздиконаш занг задан, ӯ дарҳол барои баёнот додан ҳозир мешавад», – мегӯяд муфаттиш.

Қобили зикр аст, ки аз рӯзи рух додани садамаи нақлиёти мазкур 16 рӯз ва аз оғози парвандаи ҷиноӣ дар робита ба ин ҳодиса ҳудуди як ҳафта сипарӣ шуд.

Ҳимоягари журналист аз оғози парвандаи ҷиноӣ танҳо мутобиқи моддаи 212, қ. 2-и КҶ ҶТ ( Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракатӣ роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт) розӣ нест. Ӯ мегӯяд, ба парвандаи ҷиноӣ бояд моддаи 127 (Дар хатар монондан) низ ҳамроҳ гардад, зеро гунаҳкори садама аз ҷойи ҳодиса ғайб зада, журналисти осебдида ва писари ӯро дар ҳолат вазнини бидуни кӯмак гузошт.

«Шоҳидони ҳодиса мегӯянд, ки ронандаи автомашинаи «Ланд-крузер» аз ҷойи ҳодиса ғайб задаст. Муддати ним соат онҳо кӯшиш кардаанд, ки дарҳои басташудаи автомашинаро боз намуда, журналистро аз он бурун оранд ва муддати зиёде автомашинае пайдо накардаанд, ки ӯ ва писарашро ба бемористони наздиктарин мунтақил созанд. Аз ин рӯ, ин парванда бояд натанҳо мутобиқи моддаи 212, балки мутобиқи моддаи 127-и КҶ ҶТ низ баррасӣ шавад», – изҳор кард ҳимоятгар.

Ба эътиқоди С.Фозилов, ҳарчанд муфтаттиши парванда ба ӯ мегӯяд, ки метавонад аллакай худи пагоҳ маводи парвандаро ба ӯ диҳад, вале муддати 5 рӯз аст, ки бо ӯ вохӯрда наметавонад.

Дар ҳамин ҳол, журналист Искандари Фирӯз ҳамоно дар шуъбаи эҳёгарии Маркази миллии тиббӣ (Қарияи Боло) дар ҳолати беҳушӣ қарор дорад. Ҷавоншери Фирӯз, писари ӯ аз бемористон рухсатӣ шудааст.

Ёдрас мекунем, ки шоми рӯзи 9-уми октябр ҳангоми ҳаракат дар хиёбони Исмоили Сомонӣ ронандаи автомашинаи тамғаи «Тойота-Ландкурузер» Айёмиддин Раҳмиддинзодаи 22-сола аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «Тойота-Камри» таҳти идораи ҳамсоли худ Ҷавоншери Фирӯз бармехӯрад. Бар асари ин бархӯрд ду мусофири автомашинаи «Тойота-Ландкрузер», ронандаи автомашинаи «Тойота-Камри» ва мусофири он – журналисти 46-солаи хадамоти форсии хабаргузории ВВС Искандари Фирӯз ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шуданд.

Чанде қабл вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов ба Раёсати тафтишотӣ ва Раёсати БДА ҷиҳати таҳқиқи дақиқи ҳодисаи садамаи нақлиёт, ки аз он хабарнигори Би-Би-Сӣ Искандари Фирӯз осеб дид, супориш дода буд. Бо назардошти изҳороти созмонҳои журналистии Тоҷикистон (11-уми октябр) бобати тафтишоти мӯшикофонаи ин ҳодиса, вазир ҷараёни таҳқиқи ин қазияро таҳти назорати худ қарор дод.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.