Дархости собиқ Фронти халқӣ оид ба афви иштирокчиёни ҷанги шаҳрвандӣ

Намояндагони собиқ Фронти халқӣ ба президенти Тоҷикистон муроҷиат намуда, аз ӯ дархост карданд, ки иштирокчиёни ҷанги шаҳрвандии дар маҳбасҳо қарордоштаро афв намояд. Фарорасии санаи 20-умин солгарди Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олиро онҳо барои ин иқдом мавриди муносиб медонанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» адвокат Шуҳрат Қудратов иттилоъ дод, ӯ рӯйхати ба афв пешниҳодшудагонро бо супориши собиқ яке […]


Намояндагони собиқ Фронти халқӣ ба президенти Тоҷикистон муроҷиат намуда, аз ӯ дархост карданд, ки иштирокчиёни ҷанги шаҳрвандии дар маҳбасҳо қарордоштаро афв намояд. Фарорасии санаи 20-умин солгарди Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олиро онҳо барои ин иқдом мавриди муносиб медонанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» адвокат Шуҳрат Қудратов иттилоъ дод, ӯ рӯйхати ба афв пешниҳодшудагонро бо супориши собиқ яке аз сардорони Фронти халқӣ Иброҳими Исмоил таҳия намуда, ба рӯйхати мазкур 51 нафар шомиланд.

«Маълумот перомуни таҳия гардидани ин рӯйхат барои афви иштирокчиёни даргириҳои солҳои 1992-1997 тобистони соли равон дар яке аз нашрияҳо ба табъ расида, баъди он ба мо худи маҳкумшудагон ва наздикони онҳо занг зада, дар тартиб додани рӯйхат кӯмак расониданд», – иброз дошт Қудратов.

Ба қавли вай, намояндагони собиқ Фронти халқӣ умедворанд, ки ба муносибати ҷашни таърихӣ ва барқарор шудани сулҳу амният дар кишвар ҳукуматдорон иштирокчиёни даргириҳои шаҳрвандиро афв хоҳанд кард. «Гузашта аз ин, аксари онҳо аллакай қисми зиёди муҳлати ҷазоро адо намуда, дар маҳбасхонаҳо ба бемориҳо гирифтор шудаанд», – таъкид дошт адвокат.

Ёдрас мекунем, ки моҳи майи соли равон раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ низ бо ҳамин гуна муроҷиатнома аз президент дархост намуда буд, ки 161 нафар иштирокчии Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик афв карда шаванд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.