Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо сарвазири Финландия

Субҳи имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳелсинки бо сарвазири Финландия Катайнен Юрки мулоқот намуд. Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, Эмомалӣ Раҳмон аз мулоқоту музокироте, ки дирӯз бо президент, раиси парлумон ва ваколатдори парлумонии Финландия оид ба ҳуқуқи инсон анҷом дод, изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид дошт, ки ҳамкории судманди ду кишвар дар […]


Субҳи имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳелсинки бо сарвазири Финландия Катайнен Юрки мулоқот намуд.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, Эмомалӣ Раҳмон аз мулоқоту музокироте, ки дирӯз бо президент, раиси парлумон ва ваколатдори парлумонии Финландия оид ба ҳуқуқи инсон анҷом дод, изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид дошт, ки ҳамкории судманди ду кишвар дар самтҳои афзалиятноки муайяншуда бояд густариш ёбад.

Сарвазири Финландия Катайнен Юрки бо назардошти мавқеи калидии ҷуғрофии Тоҷикистон дар минтақаи худ ва имконоти фарохи рушди ҳамкорӣ миёни Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ, таъкид дошт, ки Финландия ва ширкатҳои сершумори он ба иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои судбахши иқтисодию тиҷоратӣ ва инфрасохторӣ дар масири Шоҳроҳи Абрешим ҳавасманд аст.

Зимнан таъкид гардид, ки рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ дар ин минтақа ба эҳёи иқтисодиёту иҷтимоиёт ва бозсозии ҳаёти осоишта дар Афғонистон ва ҳам таҳкими амнияту суботи минтақавию ҷаҳонӣ мусоидат карда, ба манфиати ҳамагон аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.