Баррасии масоили тафтишот ва ҳуҷҷатгузории шиканҷа дар Душанбе

Date:


Имрӯз Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон, Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо ва Дафтари Комиссариати олии ҳуқуқи инсон барои баррасии амалисозии меъёрҳои Протоколи Истанбул мизи гирд доир менамоянд.

Тавре аз дафтари Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон хабар доданд, ҳадаф аз мизи гирд таҳияи тавсия ва нақшаи фаъолият барои тафтиши самаранок ва санадсозии далелҳои истифодаи шиканҷа дар чорчӯбаи амалисозии Барномаи ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ барои солҳои 2011-2013 ва тавсияҳои Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар чорчӯбаи баррасии Нигориши универсалии давравӣ мебошад.

Дар кори мизи гирд кормандони Додситонии кулл, Сарраёсати иҷрои ҷазоҳои ҷиноятии Вазорати адлия, Маркази ҷумҳуриявии ташхиси судии тиббии Вазорати тандурустӣ, судяҳо, адвокатҳо, намояндаҳои созмонҳои байналхалқӣ ва сафоратхонаҳо иштирок мекунанд.

Кормандони Созмони «Табибон барои ҳуқуқи инсон», ки яке аз муаллифону таҳиягарони Протоколи Истанбул, мебошанд, дар омӯзиши мазкур вазифаи коршиносонро ба дӯш доранд. Чунин омӯзишҳо қаблан дар Қирғизистон, Қазоқистон ва дар дигар кишварҳои ҷаҳон, ки меъёрҳои Протоколи Истанбул ба қонунашон ворид гардида дар амал истифода мешаванд, гузаронида шуда буданд.

Протоколи Истанбул дастури самараноки тафтиш кардану санадсозии далелҳои шиканҷа ва муносибати бераҳмонаву муҷозот мебошад. Дар он принсипҳои роҳбарикунандаи баҳогузории вазъи ҷабрдидаҳои эҳтимолии шиканҷаву муносиботи бераҳмона, ҳамчунин пешниҳоди натоиҷи чунин баҳогузорӣ аз ҷониби мақомоти судӣ ва мақомоти дигари давлатӣ, ки барои тафтиши далелхои шиканҷа масъуланд, зикр ёфтаанд.

Протоколи Истанбул – ин натиҷаи заҳмати сесолаи кори таҳлилии 75 коршиноси соҳаи тиб ва ҳуқуқи инсон мебошад, ки аз 40 ташкилоту муассисаи 15 кишвари ҷаҳон намояндагӣ мекарданд. Соли 1999 санади мазкурро СММ ба мақсади ба мамлакатҳо додани дастури амалии санадсозии самараноки далелҳои шиканҷа қабул кардааст. Протоколи мазкур имкон медиҳад, ки далелҳои шиканҷа ва муносибати бераҳмона ба хотири таъмини адолати судӣ ошкору ифшо карда шаванд.

Принципҳои протокол (ҳамчун «Принципҳои Истанбул» маъруф аст) таҳияи меъёрҳои ҳадди ақалро дар бар мегиранд, ки одатан аз ҷониби мутахассисони соҳаи тиб дар қазияҳои миллӣ ва байналмилалӣ барои баҳогузории собит кардани шиканҷа ва муносибати бераҳмонаи ҷисмониву равонӣ истифода мешаванд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...