Ташрифи раиси палатаи болоии парлумони Швейтсария ба Душанбе

Президенти Шӯрои палатаи болоии парлумони Швейтсария Ханс Алтер бо сафари нахустин аз Тоҷикистон боздид мекунад. Интизорӣ меравад, ки ӯ рӯзи 2-юми ноябр бо сафари дурӯза ба Тоҷикистон ташриф меорад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ хабар дод, дар ҷараёни сафар дидору гуфтушуниди Ханс Алтер бо ҳамтои тоҷики худ – […]

Аваз Юлдошев


Президенти Шӯрои палатаи болоии парлумони Швейтсария Ханс Алтер бо сафари нахустин аз Тоҷикистон боздид мекунад. Интизорӣ меравад, ки ӯ рӯзи 2-юми ноябр бо сафари дурӯза ба Тоҷикистон ташриф меорад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ хабар дод, дар ҷараёни сафар дидору гуфтушуниди Ханс Алтер бо ҳамтои тоҷики худ – раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев дар назар аст.

Ба иттилои манбаъ, дар доираи сафар ҳамчунин вохӯриву муоқотҳои Ханс Алтер бо намояндагони ҳукумат ва Вазорати корҳои хориҷӣ, боздиди ӯ аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.