Баррасии мушкилоти муҳоҷирон аз ҷониби Омбудсменҳои ОМ ва Русия

Имрӯз дар Душанбе таҳти унвони «Воситаҳои пурсамари ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ: нақши Омбудсменҳои Осиёи Марказӣ ва Русия» конфронси дурӯза ба кор шурӯъ мекунад. Чорабинӣ дар доираи Барномаи минтақавии муҳоҷират дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Русия бо ташаббуси ташкилоти СММ Занон, Созмони байнулмилалии муҳоҷират ва Бонки ҷаҳонӣ бо дастгирии ҳукумати Бритониёи Кабир ва лоиҳаи «Таҳкими имконоти […]


Имрӯз дар Душанбе таҳти унвони «Воситаҳои пурсамари ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ: нақши Омбудсменҳои Осиёи Марказӣ ва Русия» конфронси дурӯза ба кор шурӯъ мекунад.

Чорабинӣ дар доираи Барномаи минтақавии муҳоҷират дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Русия бо ташаббуси ташкилоти СММ Занон, Созмони байнулмилалии муҳоҷират ва Бонки ҷаҳонӣ бо дастгирии ҳукумати Бритониёи Кабир ва лоиҳаи «Таҳкими имконоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон оид ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ» баргузор шуда, аз ҷониби Барномаи Швейтсария оид ба ҳуқуқи инсон маблағгузорӣ мегардад.

Конфронс аз ҷониби Дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо ташкилоти ғайридавлатӣ (ТҒД)-и «Маркази ҳуқуқ инсон» созмон дода мешавад. Ҳадаф аз баргузори конфронс таҳкими ҳамкорӣ миёни Омбудсменҳои минтақаи Осиёи Марказиву Русия ва ТҒД баҳри баланд бардошти масъулияти онҳо дар ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони корӣ ва оилаҳои онҳо ва таҳияи механизми амалии ҳамкорӣ дар ин самт унвон мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.