Қаноатмандии сарвари давлат аз рушди устувори вилояти Суғд

Нимаи дуюми дирӯз дар шаҳри Қайроққум президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарият ва фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуд. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар машварат натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии вилоят дар 9 моҳи соли равон ва нақшаҳои оянда мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт. Сарвари давлат зимни суханронии таҳлилӣ аз […]


Нимаи дуюми дирӯз дар шаҳри Қайроққум президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарият ва фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар машварат натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии вилоят дар 9 моҳи соли равон ва нақшаҳои оянда мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.

Сарвари давлат зимни суханронии таҳлилӣ аз рушди босуботи иқтисодиёту иҷтимоиёти вилояти Суғд дар маҷмӯъ изҳори қаноатмандӣ карда, доир ба таъмини вусъати бештари корҳо дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошт.

Аз ҷумла зикр гардид, ки дар нуҳ моҳи соли равон ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавии вилоят қариб ба 5,8 миллиард сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиши он 8,8 фоизро ташкил дод ва қисми даромади буҷети вилоят дар ин давра ба андозаи беш аз 111 фоиз иҷро шудааст. Дар баробари ин бо ишора ба иҷро нагардидани нақшаи даромади буҷет аз ҷониби баъзе шаҳру ноҳияҳо ва вуҷуд доштани имкону захираҳои иловагӣ ба сохтору мақомоти дахлдор дастур дода шуд, ки барои таъмини босифату саривақтии нақшаҳои даромади буҷети давлатӣ, инчунин кам намудани бақияпулиҳо аз ҳисоби қарзҳои андоз чораҳои мушаххас андешанд.

Эмомалӣ Раҳмон аз қабули Кодекси андоз дар таҳрири нав ва аз 21 то 10 адад кам шудани намудҳои андоз ёдовар шуда, ба сохторҳои дахлдор супориш дод, ки барои ба роҳ мондани низоми нави андозбандӣ миёни кормандони соҳа ва андозсупорандагон корҳои омӯзишиву фаҳмондадиҳиро ба таври васеъ ба роҳ монанд. Ҳамчунин зарурати истифодаи самараноку мақсадноки маблағҳои буҷетӣ бори дигар таъкид гардид.

Сарвари давлат дар соли 2011 ва 9 моҳи соли равон бунёд ёфтани 153 корхонаи нави саноатиро бо 4 ҳазор ҷойи корӣ нокифоя номида, таъкид дошт, ки аз имкониятҳои фаровони вилоят дар ин самт боз ҳам васеъ бояд истифода намуд.

Супоришҳои мушаххаси дигар доир ба дастгирии ҳамҷонибаи соҳибкории хусусӣ, ба хусус соҳибкории истеҳсолӣ, зиёд намудани ҳаҷми қарзҳои хурди бонкӣ, кушодани филиалҳои бонкҳо ва созмонҳои қарзӣ дар тамоми гӯшаю канори вилоят ва ҷумҳурӣ, вусъат додани корҳои кишоварзӣ, аз ҷумла ҷамъоварии пурраи ҳосили фаровони меваю сабзавот ва пахта, беҳсозии сифати таълиму тарбияи насли наврас, пурзӯр намудани мубориза бо ҷинояткорӣ, пешгирӣ аз нашамандию нашаҷаллобӣ барин тамоюлҳои номатлуб ва дигар корҳои зарурӣ дода шуд.

Дастуру ҳидоятҳои дигар, ҳамчунин зимни шунидани ахбори раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ва роҳбарони як қатор шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла ба соҳибкорони фаъоли вилояти Суғд доир ба афзун намудани иқтидорҳои истеҳсолӣ ва ҷойҳои корӣ дода шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, нимаи дуюми имрӯз сафари кории сарвари давлат ба вилояти Суғд ба итмом мерасад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.