Чанде қабл дар ҷазираҳои Канар миёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва донишгоҳҳои Аврупо дар бораи ҳамкории фаъол як қатор созишномаҳо ба имзо расиданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба робитаҳои байнулмилалӣ Дордарбек Сайдалиев хабар дод, бо Донишгоҳи Лас Палмас (ҷазираҳои Канар), Донишкадаи корҳои бонкӣ (Прага, Чехия), Донишгоҳи Генуя (Италия), Мактаби тиҷорати Хаддерфилд (Британияи Кабир) ва Донишгоҳи Лас Ислас Балеарес (Испания) созишномаҳои ҳамкорӣ ба тасвиб расидаанд.
«Дар чаҳорчӯби созишномаҳои мазкур донишҷӯёну ҳайати омӯзгорони Донишгоҳи Кӯлоб имкон пайдо мекунанд, ки дар муассисаҳои таълимии пешқадами Аврупо ба таҳсилу таҳқиқот машғул шаванд», – иброз дошт Д.Сайдалиев.
Ба қавли ӯ, лоиҳа дар доираи барномаи Еразмус Мундус амалӣ гардида, аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад. Ба ҷуз Донишгоҳи Кӯлоб, Вазорати маорифи Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Хуҷанд низ иштирокчии лоиҳа мебошанд.
Давоми солҳои 2007-2012 дар чаҳорчӯби барномаи Еразмус Мундус (Erasmus Mundus) барои таҳсил ва такмили ихтисос дар донишгоҳҳои Аврупо ба донишҷӯёну омӯзгорони Тоҷикистон 316 идрорпулӣ (стипендия) ҷудо карда шудааст.


