Савгандёдкунии сарбозони қӯшунҳои дохилии ВКД

Дар қисмҳои  низомии 35-02 ва 65-92-и Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон маросими савгандёдкунии наваскарон баргузор гардид. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, дар маросими савгандёдкунии мазкур ҳамчунин падару модарони сарбозон ширкат варзида, зимни суханронӣ дар он Фармондеҳи Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД полковник Неъматулло Курбонов зикр кард, ки пояи асосии амнияти кишвар ин […]

ASIA-Plus


Дар қисмҳои  низомии 35-02 ва 65-92-и Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон маросими савгандёдкунии наваскарон баргузор гардид.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, дар маросими савгандёдкунии мазкур ҳамчунин падару модарони сарбозон ширкат варзида, зимни суханронӣ дар он Фармондеҳи Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД полковник Неъматулло Курбонов зикр кард, ки пояи асосии амнияти кишвар ин насли имрӯза, ҷавонони бонангу ори тоҷик мебошанд. 

Дар  маъракаи навбатӣ 150-нафар наваскарон ботантана касам ёд карда, ҷонфидо будани худро барои оромиву осудагии халқу кишвар   иброз доштанд.

Тибқи маълумоти ВКД ҶТ, ҳамасола ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар ин раёсат беш аз 1,5 ҳазор сарбозон даъват карда мешаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.