Имрӯз раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров сафири Бритониёи Кабир дар Тоҷикистон ҷаноби Ҷереми Смитро ба ҳузур пазируфта, дар ҷараёни муоқот бо ӯ масоили густариши ҳамкориҳои байнипарлумонӣ миёни кишварҳо баррасӣ шуданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи палатаи поёнии парлумони кишвар Муҳаммадато Султонов хабар дод, зимни вохӯрӣ Ш.Зуҳуров таъкид намуд, ки айни замон лоиҳаҳои як қатор созишномаҳои байниҳукуматии аз ҷониби Тоҷикистон таҳияшуда дар Лондон мавриди омӯзиш қарор доранд. Ӯ изҳори боварӣ намуд, ки дар фурсатҳои наздиктарин ин созишномаҳо коркарду пурра омода мегарданд.
Раиси палатаи поёнии арлумони ҷумҳурӣ хотиррасон намуд, ки феълан дар Тоҷикистон бо ҷалби сармояи Британияи Кабир 15 адад корхонаҳои муштарак фаъолият доранд.
Дар навбати худ, дипломати бритониёӣ ба Ш.Зуҳуров иттилоъ дод, ки ба наздикӣ бо даъвати ӯ намояндагони панҷ ширкатҳои бритониёӣ дар бахшҳои сайёҳиву истихроҷи канданиҳои фоиданок бо мақсади омӯзиши муҳити сармоягузории Тоҷикистон ба Душанбе ташриф меоранд.
Ба андешаи сафир, Тоҷикистону Бритониёи Кабир ҳамчунин имкон доранд, ки дар масоили расидан ба сулҳу субот дар Афғонистон ва ташаккули ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ҳамкориҳои бештар судмандро роҳандозӣ намоянд.





