Нишасти сарони кишварҳои узви ИДМ аввали декабр дар Ашқобод

Чанде қабл зимни мулоқоти раиси Кумитаи иҷроия ва котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев бо президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳаммедов қарор шуд, ки нишасти сарони кишварҳои узви созмон рӯзи 5-уми декабри соли равон дар пойтахти ин кишвар – шаҳри Ашқобод баргузор мегардад. Ин нишаст бояд рӯзи 2-юми ноябр доир мегардид. Президенти Туркманистон ҳамчунин аз пешниҳоди […]

Пайрав Чоршанбиев


Чанде қабл зимни мулоқоти раиси Кумитаи иҷроия ва котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев бо президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳаммедов қарор шуд, ки нишасти сарони кишварҳои узви созмон рӯзи 5-уми декабри соли равон дар пойтахти ин кишвар – шаҳри Ашқобод баргузор мегардад. Ин нишаст бояд рӯзи 2-юми ноябр доир мегардид.

Президенти Туркманистон ҳамчунин аз пешниҳоди С.Лебедев дар бораи баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ИДМ санаи 4-уми декабр дар Ашқобод пуштибонӣ намуд.

С.Лебедев ба санаи дигар гузаронидани нишастро ба зарурати бештар дақиқкорона омодагӣ гирифтан ба ин чорабинӣ, аз ҷумла таҳияи асноде, ки дар нишаст баррасӣ мешаванд, нисбат дод.

Г.Бердимуҳаммедов зикр кард, ки Туркманистон ба дар сатҳи зарурӣ таъмин намудани баргузории ин чорабиниҳо комилан омода аст. «Ман мутмаинам, ки натиҷаҳои ин чорабиниҳо пурсамар хоҳад буд», – изҳор кард президенти Туркманистон. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.