Ҷараёни озмуни «Омӯзгори беҳтарини Тоҷикистон-2012»

Имрӯзҳо озмуни анъанавии ҷумҳуриявии «Омӯзгори беҳтарини Тоҷикистон – 2012» ҷараён дорад, ки дар он 5 нафар омӯзгорони макотиби таҳсилоти умумӣ – ғолибони давраҳои интихобии шаҳрӣ ва ноҳиявӣ ширкат меварзанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати маълумоти томактабӣ ва миёнаи Вазорати маорифи ҷумҳурӣ Абдусамад Муллоев изҳор кард, барои дарёфти ин унвон омӯзгори синфҳои ибтидоии мактаби таҳсилоти […]

Маҳпора Каримова


Имрӯзҳо озмуни анъанавии ҷумҳуриявии «Омӯзгори беҳтарини Тоҷикистон – 2012» ҷараён дорад, ки дар он 5 нафар омӯзгорони макотиби таҳсилоти умумӣ – ғолибони давраҳои интихобии шаҳрӣ ва ноҳиявӣ ширкат меварзанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати маълумоти томактабӣ ва миёнаи Вазорати маорифи ҷумҳурӣ Абдусамад Муллоев изҳор кард, барои дарёфти ин унвон омӯзгори синфҳои ибтидоии мактаби таҳсилоти умумии «1-и шаҳри Душанбе Ноз Одинаева, омӯзгори фанни кимиёи литсейи «Ориёно»-и шаҳри Қӯрғонтеппа Қобилҷон Тошев, омӯзгори синфҳои ибтидоии мактаби таҳсилоти умумии №9-и шаҳри Хоруғ Ҷамила Абдураҳмонова, омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқи литсеи ба номи Темур Собирови шаҳри Ваҳдат Ҳабиба Соҳибова ва омӯзгори мактаби таҳсилоти умумии №10-и ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Нигора Шарифова қувваозмоӣ доранд.

Ба қавли вай, номи омӯзгори беҳтарини Тоҷикистон дар соли 2012 рӯзи 3-юми ноябр эълон мегардад. «Омӯзгори беҳтарин бо 3 ҳазор сомонӣ маблағи пуливу диплом ва иштирокчиёни дигари озмун бо мукофотпулиҳо сарфароз гардонида хоҳанд шуд», – гуфт ӯ.

А.Муллоев мегӯяд, иштирокчиёни озмун ба ҳакамон маводи илмӣ, дастурҳои методӣ ва китобҳои дарсии худро пешниҳод намуда, ғайр аз ин, дар ҷараёни озмун ҳар кадоме аз онҳо тибқи барномаи таълим дар синфи ношинос доир ба яке аз мавзуъҳои рӯзмарра машғулият доир месозад. «Дар рӯзи охири озмун омӯзгорон дар муддати 20 дақиқа таҷрибаи касбии худ дар назди ҳайати ҳакамонро муаррифӣ намуда, ба 10 саволи муайянкунандаи сатҳи дониши онҳо дар бораи асноди меъёриву ҳуқуқӣ дар соҳаи маориф посух хоҳанд гуфт», – афзуд номбурда.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.