Мавсими ҷамъоварии ҳосили гандум ба итмом расид

Хоҷагиҳои деҳқонии давлатии Тоҷикистон мавсими ҷамъоварии ҳосили гандумро ба итмом расонида, 514,7 ҳазор тонна гандум ҷамъоварӣ намуданд, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 77,2 ҳазор тонна бештар аст. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ҳафтаи оянда натиҷаҳои ҳосили хоҷагиҳои деҳқонии хусусӣ низ ҳисобу китоб мешаванд, ки аз 300 ҳазор […]

Заррина Эргашева


Хоҷагиҳои деҳқонии давлатии Тоҷикистон мавсими ҷамъоварии ҳосили гандумро ба итмом расонида, 514,7 ҳазор тонна гандум ҷамъоварӣ намуданд, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 77,2 ҳазор тонна бештар аст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ҳафтаи оянда натиҷаҳои ҳосили хоҷагиҳои деҳқонии хусусӣ низ ҳисобу китоб мешаванд, ки аз 300 ҳазор тонна зиёд будани он аз эҳтимол дур нест.

«Соли равон ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар ба таври назаррас зиёд шуд. Масалан, ҳосилнокии зироати ғалладона аз ҳар як гектар ба ҳисоби миёна 24,4 сентнер ва гандум 25,2 сентнерро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 3 сентнерӣ зиёд аст», – гуфтанд дар Вазорати кишоварзӣ.

Зимнан зикр гардид, ки дар маҷмӯъ ҷамъоварии ҳосили зироати ғалладона, аз ҷумла шоливу ҷуворимакка дар ҷумҳурӣ идома дошта, рӯзҳои наздик ба анҷом мерасад.

Ба иттилои манбаъ, соли оянда кишоварзони ҷумҳурӣ ҳосилнокии гандумро боло бурданианд. «Мувофиқи супориши ҳукумат, гандум асосан дар заминҳои обёришаванда кишт карда хоҳад шуд, то ки аз ҳар як гектар на камтар аз 50 сентнер ҳосил ба даст ояд. Бо назардошти навъҳои серҳосили тухмӣ мо чунин мешуморем, ки ин имконпазир аст», – зикр карданд дар вазорат.

Қобили зикр аст, ки соли гузашта кишоварзони тоҷик беш аз 1 млн. тонна ҳосили зироати ғалладона ҷамъоварӣ намуданд, ки 435 ҳазор тоннаашро гандум ташкил дод. Соли 2010 ин нишондиҳандаҳо мутаносибан 1,2 млн. тонна ва 547 ҳазор тоннаро ташкил дода буданд.

Дар Вазорати кишоварзӣ умедворанд, ки бо назардошти ҳосили гандуми хоҷагиҳои хусусӣ, соли ҷорӣ ҳосили гандум ба 800 ҳазор тонна баробар хоҳад шуд.

Дар масъалаи қимати орд бошад, нархи як халта орди навъи якум (50 кило) аз гандуми маҳаллӣ 156 сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба нархи соли гузашта 30% зиёдтар аст. Нархи як халта орди навъи якуми воридотӣ дар бозорҳои пойтахт ба ҳисоби миёна ба 175 сомонӣ барои 50 кило баробар аст.

Талаботи Тоҷикистон ба гандум 1,5 млн. тонна дар як солро ташкил дода, аз нисф зиёди он аз Қазоқистон ворид карда мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.