Таҳияи барномаи ВВС доир ба вазъи мухаддирот дар Тоҷикистон

Намояндагии «Бритиш Бродкастинг Корпорейшн ВВС» барномаеро дар бораи вазъи нашъамандӣ дар Тоҷикистон омода ба пахш намуд. Бино ба маълумоти Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон, хабарнигорони ширкати ёдшуда дар ҷараёни сафар ба Тоҷикистон бо кори Агентии мазкур шинос шуда, бо хоҳиши намояндаи ин ширкат директори Агентӣ, генерал-лейтенанти милитсия Рустам Назаров бо хабарнигорони «Бритиш Бродкастинг […]

ASIA-Plus


Намояндагии «Бритиш Бродкастинг Корпорейшн ВВС» барномаеро дар бораи вазъи нашъамандӣ дар Тоҷикистон омода ба пахш намуд.

Бино ба маълумоти Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон, хабарнигорони ширкати ёдшуда дар ҷараёни сафар ба Тоҷикистон бо кори Агентии мазкур шинос шуда, бо хоҳиши намояндаи ин ширкат директори Агентӣ, генерал-лейтенанти милитсия Рустам Назаров бо хабарнигорони «Бритиш Бродкастинг Корпорейшн» ҳамсӯҳбат шуд.

«Рустам Назаров дар бораи вазъи вобаста ба маводи мухаддир дар Тоҷикистон, Афғонистон, ҳамчунин минтақаи Осиёи Марказӣ, нақши кишвари мо дар системаи ҷаҳонии мубориза бо маводи мухаддир ва дурнамои инкишофи ҳодисаҳо дар минтақа баъди хуруҷи нерӯҳои эътилофи зиддитеррористӣ аз ҶИА дар соли 2014 маълумот дод», – гуфтанд дар Агентӣ.

Ба иттилои манбаъ, сарвари Агентӣ зикр намудааст, ки Тоҷикистон дар минтақа кишвари муҳим дар ташкили мубориза бо мухаддироти тавлиди Афғонистон буд ва боқӣ хоҳад монд. «Дар масъалаи ҳамкориҳои хадамоти махсуси кишвар сухан ронда, Директори Агентӣ қайд кард, ки ин ҳамкориҳо аз сол ба соли дигар таҳким ва рушд меёбанд», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки дар поёни сӯҳбат хабарнигорон бо кори Лабораторияи ташхиси судӣ, Шӯъбаи таҳлилӣ-маълумотӣ шинос шуданд ва аз анбори нигаҳдории маводи мухаддир боздид карданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.