Оғози пахши шабонарӯзии барномаҳои телевизиони «Пойтахт»

Шурӯъ аз имрӯз шабакаи телевизиони «Пойтахт» ба пахши шабонарӯзии барномаҳо оғоз намуд. Муассисаи шабакаи мазкур мақомоти шаҳрдории Душанбе аст. Тавре ба ОИ директори телевизиони «Пойтахт» Абдуқодири Абдуқаҳҳор хабар дод, феълан ҳудуди 2 млн. нафар сокинону меҳмонони пойтахт ва манотиқи гирду атрофи он аз тамошои шабакаи телевизиони мазкур бархӯрдоранд. «Дар робита ба пахши шабонарӯзӣ гузаштан, мо […]

Аваз Юлдошев


Шурӯъ аз имрӯз шабакаи телевизиони «Пойтахт» ба пахши шабонарӯзии барномаҳо оғоз намуд. Муассисаи шабакаи мазкур мақомоти шаҳрдории Душанбе аст.

Тавре ба ОИ директори телевизиони «Пойтахт» Абдуқодири Абдуқаҳҳор хабар дод, феълан ҳудуди 2 млн. нафар сокинону меҳмонони пойтахт ва манотиқи гирду атрофи он аз тамошои шабакаи телевизиони мазкур бархӯрдоранд. «Дар робита ба пахши шабонарӯзӣ гузаштан, мо ба раиси пойтахт ҷиҳати мусоидат ба афзоиши ҳайати кории шабака то 50 нафари  дигар муроҷиат хоҳем кард», – гуфт А.Абдуқаҳҳор ва илова намуд, ки айни замон шумори журналистону кормандони ҳайати техникии шабака 50 нафарро ташкил медиҳад.

Ба гуфтаи ӯ, дар сурати аз ҷониби раиси пойтахт рад шудани ин дархост, маъмурияти шабака пайи дарёфти имконот баҳри афзудани шумори кормандон аз ҳисоби реклама хоҳад шуд. «Дар муддати 10 рӯзи наздик телевизиони «Пойтахт» пурра ба пахши рақамӣ гузашта, аз 1-уми январи соли 2013 мо ният дорем, ки ба дастрасиву пахши барномаҳои шабака тавассути алоқаи моҳвораӣ муваффақ гардем», – афзуд директори шабакаи телевизионӣ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.