Имрӯз таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Шӯрои палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ доир гардида, дар он лоиҳаи Қонуни ҶТ ««Дар бораи ташхиси зиддифасодии санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ хабар доданд, рӯзи панҷшанбеи ҳафтаи равон ин лоиҳа ба баррасии ҷаласаи навбатии МН МО ҶТ пешниҳод мегардад.
«Дар ҷаласа ҳамчунин масъалаи ворид намудани тағйироту илова ба Қонунҳо «Дар бораи созишномаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва « Дар бораи судҳо» низ баррасӣ шуда, ин тағйироту илова танҳо ба қисмати таҳрири қонунҳо мансубанд», – гуфт манбаъ.
Зимнан зикр гардид, ки ин масоил низ ба рӯзномаи ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ даъвати чорум ворид карда шуданд.





