Намояндагони Тоҷикистон дар мулоқоти Гурӯҳи корӣ оид ба прекурсорҳо

Имрӯз дар шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон мулоқоти дурӯзаи Гурӯҳи кории минтақавии маълумотӣ оид ба прекурсорҳо ба кор оғоз кард, ки дар он аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ирина Карпова ва Далер Сайфуллоев иштирок мекунанд. Тавре аз Агентии мазкур иттилоъ доданд, иштирокдорони мулоқоти корӣ масъалаҳои муомилоти ғайриқонунии прекурсорҳо ва табодули захираҳои маълумотӣ […]

ASIA-Plus


Имрӯз дар шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон мулоқоти дурӯзаи Гурӯҳи кории минтақавии маълумотӣ оид ба прекурсорҳо ба кор оғоз кард, ки дар он аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ирина Карпова ва Далер Сайфуллоев иштирок мекунанд.

Тавре аз Агентии мазкур иттилоъ доданд, иштирокдорони мулоқоти корӣ масъалаҳои муомилоти ғайриқонунии прекурсорҳо ва табодули захираҳои маълумотӣ дар ин самтро мавриди баҳсу баррасӣ қарор медиҳанд. 

Ба иттилои манбаъ, нишасти мазкур дар доираи иҷрои қарори Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба прекурсорҳо ташкил шудааст, ки 1-2 майи соли 2012 дар шаҳри Тошканд баргузор шуда буд ва он дар чаҳорчӯби Барномаи минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва пешгирии ҷинояткорӣ барои Афғонистон ва кишварҳои ҳамсояи он мегузарад.

Зимнан зикр гардид, ки дар мулоқот ҳамчунин кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон ширкат мекунанд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?