Нақшаи ҷамъоварии пахта ба иҷро расид

Кишоварзони тоҷик нақшаи ҷамъоварии пахтаро дар соли равон ба иҷро расониданд. То имрӯз аз майдонҳои кишти пахтаи ҷумҳурӣ беш аз 401 ҳазор тонна ҳосили пунбадона ҷамъоварӣ карда шуд. Тавре аз ахадмоти матбуоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар вилояти Хатлон ҳудуди 270 ҳазор тонна (100%), вилояти Суғд – 112,6 ҳазор тонна (102%) ва навоҳии тобеи […]

Пайрав Чоршанбиев


Кишоварзони тоҷик нақшаи ҷамъоварии пахтаро дар соли равон ба иҷро расониданд. То имрӯз аз майдонҳои кишти пахтаи ҷумҳурӣ беш аз 401 ҳазор тонна ҳосили пунбадона ҷамъоварӣ карда шуд.

Тавре аз ахадмоти матбуоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар вилояти Хатлон ҳудуди 270 ҳазор тонна (100%), вилояти Суғд – 112,6 ҳазор тонна (102%) ва навоҳии тобеи марказ – наздики 18,7 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ карда шудааст.

Дар ҳамин ҳол, бо истифода аз обуҳавои мусоид кишоварзони ҷумҳурӣ ба ҷамъоварии ҳосили боқимондаи пахта идома медиҳанд.

Соли ҷорӣ дар майдони ҳудуди 200 ҳазор гектар пунбадона кишт шуда, нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта 401 ҳазор тоннаро ташкил медод. Қобили зикр аст, ки соли равон бинобар сабаби боронҳои пайдарпайи баҳорӣ оғози мавсими ғунучини ҳосили пахта ба муддати як моҳ дер афтод.

Соли гузашта пунбадона дар майдони 203 ҳазор гектар кишт шуда, 403 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ шуда буд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи театру синамои тоҷик шоми 24-уми майи соли 2025 дар Душанбе аз олам чашм пӯшид....

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.