Нахустин садамаи нақлиёти марговар дар нақби «Шаҳристон»

Дар нақби «Шаҳристон», ки минтақаҳои шимолу ҷануби ҷумҳуриро ба ҳам мепайвандад, аввалин садамаи нақлиёти марговар рух дод. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, рӯзи 3-юми ноябр ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» Абдуҳофиз Абдураҳимов зимни ҳаракат дар нақби «Шаҳристон» аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаи таҳти идораи ӯ ба автомашинаи тамғаи «Стар»-и ширкати сохтмонии Чин […]

ASIA-Plus


Дар нақби «Шаҳристон», ки минтақаҳои шимолу ҷануби ҷумҳуриро ба ҳам мепайвандад, аввалин садамаи нақлиёти марговар рух дод.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, рӯзи 3-юми ноябр ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» Абдуҳофиз Абдураҳимов зимни ҳаракат дар нақби «Шаҳристон» аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаи таҳти идораи ӯ ба автомашинаи тамғаи «Стар»-и ширкати сохтмонии Чин бармехӯрад.

«Бар асари ин бархӯрд ронанда ва мусофири автомашинаи «Опел» ҷароҳат бардошта, ба бемористон мунтақил мегарданд ва баъди чанде мусофир ба ҳалокат расидааст», – гуфта мешавад дар иттилои ВКД.

Ёдрас мекунем, ки санаи 27уми октябр бо иштироки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон маросими мавриди истифода додани нақби «Шаҳристон» доир гардид. Нақб дар километри 180-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд, миёни ноҳияҳои Айнӣ ва Шаҳристони вилояти Суғд воқеъ аст. Масофаи нақб беш аз 5 километррро ташкил медиҳад.

Нақб яке аз қисматҳои лоҳаи таъмиру азнавсозии роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ маҳсуб меёбад. Паймонкори кулли лоиҳа ширкати «China Road»-и Чин мебошад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи театру синамои тоҷик шоми 24-уми майи соли 2025 дар Душанбе аз олам чашм пӯшид....

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.