Оғози сохтмони бино ва роҳҳои нав дар ҷануби ҷумҳурӣ

Дар шаҳри Кӯлоб сохтмони ду бинои нав оғоз гардид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини раиси шаҳри Кӯлоб Озодӣ Ҳасанов хабар дод, дар маркази шаҳр ҶСК «Тоҷиксодиротбонк»  барои филиали худ бунёди бинои замонавиро оғоз намуда, дар яке аз маҳаллаҳои шаҳр ба сохтмони бинои истиқоматии 25-ҳуҷрадор ҳусни оғоз бахшида шуд. Ба қавли ӯ, тӯли солҳои соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ […]

Турко Дикаев


Дар шаҳри Кӯлоб сохтмони ду бинои нав оғоз гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини раиси шаҳри Кӯлоб Озодӣ Ҳасанов хабар дод, дар маркази шаҳр ҶСК «Тоҷиксодиротбонк»  барои филиали худ бунёди бинои замонавиро оғоз намуда, дар яке аз маҳаллаҳои шаҳр ба сохтмони бинои истиқоматии 25-ҳуҷрадор ҳусни оғоз бахшида шуд.

Ба қавли ӯ, тӯли солҳои соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ дар қаламрави шаҳр ва атрофи он манзилҳои зиёди зисти инфиродӣ қомат афрохтанд, вале бинои истиқоматии мазкур яке аз нахустин биноҳоест, ки бо маблағи 7,2 млн. сомонии буҷети вилоят аз ҷониби мақомоти шаҳрдорӣ бунёд мегардад.

Дар ҳамин ҳол, дар минтақа корҳои сохтмони роҳҳои мошингарди Балҷувон-Сари Хосор ва Шӯрообод Шоҳон низ шурӯъ шуданд.

Бино ба иттилои манбаъҳои ОИ «Азия-Плюс», барои сохтмони роҳи мошингарди Балҷувон-Сари Хосор 500 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардида, дар роҳи мошингарди Шӯрообод ба самти деҳаи Шоҳон дар болои дарёи Панҷ то деҳаи Хоҳони Афғонистон пул бунёд мегардад ва сохтмони иншоот ба дӯши яке аз воҳидҳои ширкати сохтмонии «Комбайн групп»-и Туркия вогузор шудааст.

Ҳарду роҳи мошингард дар манотиқи фаромадани селу ярч воқеъ буда, сохтмони панҷараҳои муҳофизатӣ дар доманакӯҳҳо ва пулҳо дар онҳо пешбинӣ шудаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи театру синамои тоҷик шоми 24-уми майи соли 2025 дар Душанбе аз олам чашм пӯшид....

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.