Ҷустуҷӯи имкони тавсеаи ҳузури маҳсулоти Белорус дар бозори Тоҷикистон

Чанде қабл дар мулоқоти вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Шариф Раҳимзода бо сафири Белорус дар Тоҷикистон Олга Гаврук масоили вазъи умумӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории дуҷонибаи иқтисодӣ миёни кишварҳо баррасӣ шуданд. Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ хабар доданд, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо аз сол ба сол густариш ёфтани ҳамкориҳои иқтисодӣ […]

Пайрав Чоршанбиев


Чанде қабл дар мулоқоти вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Шариф Раҳимзода бо сафири Белорус дар Тоҷикистон Олга Гаврук масоили вазъи умумӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории дуҷонибаи иқтисодӣ миёни кишварҳо баррасӣ шуданд.

Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ хабар доданд, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо аз сол ба сол густариш ёфтани ҳамкориҳои иқтисодӣ байни ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Аз ҷумла таъкид гардид, ки гардиши мол байни ду кишвар дар соли гузашта ҳудуди 70 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба нишондиҳандаи як сол қабл 167,4% зиёдтар аст. Дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ бошад, гардиши мол байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Белорус ба 60,7 млн. доллар расид ва ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 114,9% афзоиш ёфтааст.

Қобили зикр аст, ки тақрибан 90%-и ҳаҷми муомилоти молӣ миёни кишварҳоро воридоти маҳсулот аз Белорус ба Тоҷикистон ташкил медиҳад.

Дар анҷоми мулоқот таъкид гардид, ки ин дастовардҳо ҳанӯз ҳарду ҷонибро қонеъ карда наметавонанд ва дар оянда ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар самтҳои мухталифи иқтисод, аз ҷумла соҳаҳои комплекси агросаноатӣ ва энергетика, ташкили корхонаҳои муштарак, иштирок дар лоиҳаҳои муштараки иқтисодӣ ва ғайра мебояд тақвият бахшид.

Ёдрас мекунем, ки пеш аз ин дар мулоқоти сафир Белорус Олга Гаврук бо вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов масъалаи ташкили роҳандозии истеҳсоли қисматии тракторҳои «Белорус» дар шаҳри Кӯлоб ва ворид намудани тағйироти зарурӣ ба созишномаи байниҳукуматӣ «Дар бораи усулҳои андозбандии ғайримустақим дар содироту воридоти маҳсулот (кор)» баррасӣ шуданд.

Ҳамчунин мавриди ёдоварист, ки авввали ҳафтаи гузашта дар Душанбе ҳудуди 20 ширкатҳои белорусӣ маҳсулоти худро ба маърази тамошо гузоштанд. Дар доираи ин чорабинӣ ба хотири роҳандозии ҳамкории судманд миёни соҳибкорони тоҷику белорус як қатор гуфтушунидҳо анҷом дода шуданд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?

“Ба мактаб баред, вале дар вақти дарс истифода накунед”. Вазорати маориф корбурди телефонро дар мактабҳо шарҳ дод

Баҳси бурдан ва ё истифодаи телефон дар мактаб ва ё вақти дарс солҳост идома дорад.

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.