Вазъи солимии журналисти ВВС рӯ ба беҳбудӣ овард

Вазъи солимии журналисти бахши форсии хабаргузории Би-Би-Сӣ Искандари Фирӯз, ки аз садамаи нақлиёт осеб дида буд, ба таври назаррас рӯ ба беҳбудӣ овард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» табиби журналист хабар дод, дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ аз Искандари Фирӯз ҷудо гардида, ӯ ба нафаскашии мустақилона оғоз кардааст. Ба қавли табиб, имрӯз журналист аз муоинаи томографияи компютерӣ гузашта, […]

Меҳрангез Турсунзода


Вазъи солимии журналисти бахши форсии хабаргузории Би-Би-Сӣ Искандари Фирӯз, ки аз садамаи нақлиёт осеб дида буд, ба таври назаррас рӯ ба беҳбудӣ овард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» табиби журналист хабар дод, дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ аз Искандари Фирӯз ҷудо гардида, ӯ ба нафаскашии мустақилона оғоз кардааст.

Ба қавли табиб, имрӯз журналист аз муоинаи томографияи компютерӣ гузашта, дар машварати табибон масъалаи интиқоли ӯ ба шӯъбаи дигар ҳаллу фасл мегардад.

«Ояндаи наздик мо журналистро аз шуъбаи эҳёгарӣ ба шуъбаи дигар гузаронида, ӯро табобати минбаъдаи барқароркунии солимиаш интизор аст», – гуфт ӯ.

Дар робита ба ҷараёни тафтишоти садамаи нақлиёти мазкур Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, ки дар рафти санҷиш муайян карда шуд, ки санаи 9 октябри соли 2012, тахминан соати 20:10 дақиқа автомашинаи тамғаи «Тайота-Ленд-Крузер» рақами давлатиаш 31-16 АК 01 РТ таҳти идораи ронанда Шарипов Насрулло Раҳмонович соли таваллудаш 1979, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати Зайнабобод, ба самти хиёбони Рӯдакӣ ҳаракат намуда истода, дар рӯ ба рӯи «Боғи ҳайвонот» бандҳои 9.2 ва 10.2-и «Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ»-ро дағалона вайрон намуда, суръати ҳаракатро баланд менамояд.

Ҳамчунин номбурда дар ҳолати мавҷуд будани хатҳои уфуқии дутарафа, ки барои ҷудо намудани ҳаракати воситаҳои нақлиётӣ ба самтҳои муқобил пешбинӣ шудааст, ба тарафи чап гашта, ба самти муқобили ҳаракат мебарояд. Дар натиҷа ба автомашинаи тамғаи «Тайота-Камрӣ», рақами қайди давлатиаш 73-48 АР 01 РТ таҳти идораи ронанда Фирузи Ҷавоншер бархӯрд, ки бар асари он журналист Искандари Фируз ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошт.  

Дар иттилои ВКД гуфта мешавад, ҳолатҳои дар изҳороти Иттифоқи журналистони Тоҷикистон нишон додашуда, оиди он, ки гӯё ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Ленд-Крузер» рақами қайди давлатиаш 31-16 АК 01 РТ Шарипов Насрулло, ки гунаҳгори садама мебошад, аз ҷойи ҳодиса ғайб зада, ташхиси садамаи нақлиётӣ сохтакорӣ карда шудааст, тасдиқ нагардид. Баъди содир шудани садамаи нақлиётӣ ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Ленд-Крузер» дар ҷойи ҳодиса қарор дошт.

 Оиди ҳодисаи рӯйдода нисбати Шарипов Н.Р. бо моддаи 212 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ  оғоз карда шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

 Зимнан зикр гардидааст, ки Шарипов Н.Р. зимни содир намудани садама бо худ ягон ҳуҷҷати муайянкунандаи шахсият надошт ва бо мақсади ба гумроҳӣ бурдани тафтишот худро Аёмиддини Раҳмиддинзода, ки нақлиёти мазкур ба ӯ таълуқ дошт, муаррифӣ намуда, ваколатномаи бо номи ӯ бударо пешниҳод менамояд. Айни замон шахсияти Шарипов Насрулло муайян карда шуда, тафтишотӣ пешакӣ нисбати ӯ идома дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?

“Ба мактаб баред, вале дар вақти дарс истифода накунед”. Вазорати маориф корбурди телефонро дар мактабҳо шарҳ дод

Баҳси бурдан ва ё истифодаи телефон дар мактаб ва ё вақти дарс солҳост идома дорад.

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.