Намояндаи вилояти Хатлон омӯзгори беҳтарини сол дониста шуд

Омӯзгори фанни кимиёи литсейи «Ориёно»-и шаҳри Қӯрғонтеппа Қобилҷон Тошев дар озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори беҳтарини Тоҷикистон-2012» ғолиб дониста шуд. Ахири ҳафтаи гузашта дар Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони соҳаи маориф ба ин муноисбат ҷамъомади ботантана доир гардида, вазири маорифи ҷумҳурӣ Нуриддин Саидов ба ғолиби озмун 3 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ, дипломи дараҷаи аввал ва ифтихорномаи Вазорати маорифи ҶТ-ро […]

Маҳпора Киромова


Омӯзгори фанни кимиёи литсейи «Ориёно»-и шаҳри Қӯрғонтеппа Қобилҷон Тошев дар озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори беҳтарини Тоҷикистон-2012» ғолиб дониста шуд.

Ахири ҳафтаи гузашта дар Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони соҳаи маориф ба ин муноисбат ҷамъомади ботантана доир гардида, вазири маорифи ҷумҳурӣ Нуриддин Саидов ба ғолиби озмун 3 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ, дипломи дараҷаи аввал ва ифтихорномаи Вазорати маорифи ҶТ-ро тақддим кард.

Дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» роҳбари ҳакамони озмун ва саркотиби Академияи маорифи Тоҷикистон Саидамир Аминов дар робита ба ин масъала изҳор кард, ки тибқи натоиҷи ҷамъбасти озмун миёни иштирокчиён Тошев имтиёзи аз ҳама бештар – 175,5 баллро ба даст овард.

Иштирокчиёни дигари озмун – омӯзгори мактаби таҳсилоти умумии №10-и ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Нигора Шарифова мақоми дуюм ва бо 2 ҳазор сомонӣ мукофотпуливу дипломи дараҷаи II-ум ва унвони Аълочии маорифи ҶТ, омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқи литсейи ба номи Темур Собирови шаҳри Ваҳдат Ҳабиба Соҳибова зинаи сеюм ва бо мукофотпулии 1 ҳазор сомониву дипломи дараҷаи III-ум ва ифтихорномаи Вазорати маорифи ҶТ сарфароз гардонида шуданд.

Аммо омӯзгори синфҳои ибтидоии мактаби таҳсилоти умумии №1-и шаҳри Душанбе Ноз Одинаева аз натиҷаҳои озмун изҳори норозигӣ карда, ҳайати ҳакамон ба хулоса расиданд, ки мақоми сеюмро ба ду нафар иштирокчиёни озмун сазовор донанд.

Омӯзгори мактаби таҳсилоти умумии №9-и шаҳри Хоруғ Ҷамила Абдураҳмонова бинобар сабаби беморӣ дар тамоми марҳилаҳои озмун ширкат варзида натавониста, сарфи назар аз ин, бо 500 сомонӣ мукофотпулӣ ва ифтихорномаи Вазорати маорифи ҶТ қадрдонӣ шуд.

Қобили зикр аст, ки иштирокчиёни озмун ба ҳакамон маводи илмӣ, дастурҳои методӣ ва китобҳои дарсии худро пешниҳод намуда, ғайр аз ин, дар ҷараёни озмун ҳар кадоме аз онҳо тибқи барномаи таълим дар синфи ношинос доир ба яке аз мавзуъҳои рӯзмарра машғулият доир намуданд. Дар рӯзи охири озмун омӯзгорон дар муддати 20 дақиқа таҷрибаи касбии худ дар назди ҳайати ҳакамонро муаррифӣ намуда, ба 10 саволи муайянкунандаи сатҳи дониши онҳо дар бораи асноди меъёриву ҳуқуқӣ дар соҳаи маориф посух гуфтанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?

“Ба мактаб баред, вале дар вақти дарс истифода накунед”. Вазорати маориф корбурди телефонро дар мактабҳо шарҳ дод

Баҳси бурдан ва ё истифодаи телефон дар мактаб ва ё вақти дарс солҳост идома дорад.

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.