Хадамоти зиддинҳисорӣ ба бозбинии тарофаҳои занг ба Русия омода аст

Хадамоти зиддинҳисории назди ҳукумати ҶТ ба баррасии пешниҳодоти ширкатҳои алоқаи мобилии Тоҷикистон ҷиҳати бозбинии тарофаҳои занг ба Русия омода аст. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти мазкур хабар доданд, барои бозбинии қарори мазкур бояд ҳар кадоме аз ширкатҳои алоқаи мобилӣ асоси воқеӣ пешниҳод намояд. «Супориши дар асоси муроҷиати ширкатҳои алоқаи мобилӣ содиргардида, воқеияти арзиши аслии […]

Заррина Эргашева


Хадамоти зиддинҳисории назди ҳукумати ҶТ ба баррасии пешниҳодоти ширкатҳои алоқаи мобилии Тоҷикистон ҷиҳати бозбинии тарофаҳои занг ба Русия омода аст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти мазкур хабар доданд, барои бозбинии қарори мазкур бояд ҳар кадоме аз ширкатҳои алоқаи мобилӣ асоси воқеӣ пешниҳод намояд.

«Супориши дар асоси муроҷиати ширкатҳои алоқаи мобилӣ содиргардида, воқеияти арзиши аслии зангҳо ба Русияро таҷассум менамояд, ки имрӯз ба 12 сент баробар аст ва мо бар ин назарем, ки ширкатҳо бар зарари худ кор карданӣ нестанд ва барои коҳиши тарофа муроҷиат нахоҳанд кард», – гуфтанд дар хадамоти мазкур.

Дар робита ба масъалаи идомаи аз ҷониби ширкати Beeline пешниҳод шудани тарофаҳои баробар ба сифр барои зангҳо ба Русия дар хадамот изҳор карданд, ки ба онҳо аз ҷониби хадамот барои муйаян кардани муҳлати баргузории ин аксия мактуб ирсол шудааст.

«Чунин амал ширкатҳои дигарро, ки аз 1-уми ноябр тарофаҳои ягона барои зангҳо ба Русияро муқаррар карданд, дар мавқеи нобаробар мегузорад», – гуфт манбаъ.

Ёдрас мекунем, ки аз 1-уми ноябри соли равон дар Тоҷикистон тарофаҳои зангҳои содиротӣ ба Русия тавассути алоқаи мобилӣ афзуда, арзиши як дақиқаи гуфтугӯ тавассути ҳамаи ширкатҳои алоқаи мобилии Тоҷикистон  бо муштариёни тамоми операторони алоқаи мобилии Русия ягона – 0,12 $ (бо назардошти ААИ ва 3%-и андози аксизӣ) муқаррар гардид.

Боло бурдани тарофаҳои зангҳои содиротӣ бо мақсади иҷрои фармоиши Хадамоти зиддиниҳисорӣ ва Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ сурат мегирад. Ин фармоиш ҳанӯз моҳи майи соли 2011 рӯйи кор омада буд, вале дар муҳлати мукарраршуда ба иҷро нарасида, барои он ширкатҳои алоқаи мобилӣ ҷаримабандӣ шуда буданд.

Бино ба маълумоти Хадамоти зиддиинҳисории ҷумҳурӣ, ин дастурро бояд чор ширкати пешрафтаи алоқаи мобилии ҷумҳурӣ  – «Мегафон-Тоҷикистон», Babilon-M, Tcell ва «Таком» (Beeline) ба иҷро расонанд.

Феълан се ширкати алоқаи мобилии стандарти GSM (ба ҷуз Beeline) ва ширкати ягонаи стандарти CDMA «ТК-мобайл»-и амалкунанда дар Тоҷикистон тарофаҳо барои занг ба Русияро то ба 12 сент муқаррар намуданд. Қаблан тарофаҳо дар ширкатҳои гуногун аз 1 то 8 сент барои як дақиқаро ташкил медод.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?

“Ба мактаб баред, вале дар вақти дарс истифода накунед”. Вазорати маориф корбурди телефонро дар мактабҳо шарҳ дод

Баҳси бурдан ва ё истифодаи телефон дар мактаб ва ё вақти дарс солҳост идома дорад.

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.