Муаррифии озмоишгоҳи санҷиши маводи сӯзишвории «Газпромнефт-Тоҷикистон»

Дар ширкати «Газромнефт-Тоҷикистон» маросими муаррифии озмоишгоҳи санҷиши сифати маводи сӯзишворӣ доир гардид, ки барои бунёди он беш аз 1 млн. доллари ИМА масраф шудааст. Зимни суханронӣ дар маросими мазкур муовини сардори озмоишгоҳ Зулфия Мулаянова изҳор кард, ки ин озмоишгоҳи нахустини муҷаҳҳаз бо тамоми таҷҳизоту дастгоҳи санҷиши сифати маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ дар Тоҷикистон аст. […]

Заррина Эргашева


Дар ширкати «Газромнефт-Тоҷикистон» маросими муаррифии озмоишгоҳи санҷиши сифати маводи сӯзишворӣ доир гардид, ки барои бунёди он беш аз 1 млн. доллари ИМА масраф шудааст.

Зимни суханронӣ дар маросими мазкур муовини сардори озмоишгоҳ Зулфия Мулаянова изҳор кард, ки ин озмоишгоҳи нахустини муҷаҳҳаз бо тамоми таҷҳизоту дастгоҳи санҷиши сифати маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ дар Тоҷикистон аст.

«Пас аз расидани систернаи маводи сӯзишворӣ ба анбори ширкат, кормандони озмоишгоҳ аз он барои санҷиш як миқдорое гирифта, танҳо дар сурати ҷавобгӯ будани мавод ба меъёрҳо мо истифодаи онро иҷозат медиҳем», – гуфт ӯ ва ҳамчунин зикр кард, ки дар баъзе маврид сифати маводи сӯзишвории ширкат мавриди танқиди ВАО-и ҷумҳурӣ қарор гирифта буданд.

Ба қавли номбурда, қабл аз ба фурӯш баровардан маводи сӯзишвории аз корхонаи коркарди маҳсулоти нафтии Омск ба Тоҷикистон воридшуда 9 зинаи санҷиш ва гази аз Қазоқистон воридгардида 12 зинаи санҷишро мегузаранд.

Сардори Раёсати хизматгузории техникӣ ва таъмири таҷҳизоти ширкат Алексей Костиков иброз дошт, ки дастгоҳи лӯлаи бевосита ба автомашинаҳо рехтани маводи сӯзишворӣ истеҳсоли Олмон буда, дақиқона кор мекунад ва мудом дар ҳолати коршоям аст.

Қобили зикр аст, ки имрӯз аз 26 адад нуқтаи фурӯши маводи сӯзишвории ширкати «Газпромнефт-Тоҷикистон» дар пойтахт, навоҳии тобеи марказ ва минтақаи шимоли ҷумҳурӣ ҳамагӣ 13 нуқта бо таҷҳизоти зарурии муосир таъмин буда, муҷаҳҳаз сохтани нуқтаҳои фурӯши боқимонда идома дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи театру синамои тоҷик шоми 24-уми майи соли 2025 дар Душанбе аз олам чашм пӯшид....

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.