Cуғд: Ҳукми 10 соли зиндон ба депутати қирғиз

Дар вилояти Суғд вакили Маҷлис (Кенеш)-и шаҳри Ботканд Икром Сиддиқов барои қочоқи 90 кило симоб муттаҳам дониста шуда, ба муҳлати 10 соли зиндон маҳкум шуд. Ҳамчунин барои шарик будан дар ин ҷиноят боз як шаҳрванди Қирғизистон Чингиз Абдураҳмонов ва шаҳрванди Тоҷикистон Ёқубхӯҷа Ҳомидов мутаносибан ба муддати 9 ва 8 сол равонаи зиндон гардиданд. Ҳамаи онҳо […]

Мавлуда Рафиева


Дар вилояти Суғд вакили Маҷлис (Кенеш)-и шаҳри Ботканд Икром Сиддиқов барои қочоқи 90 кило симоб муттаҳам дониста шуда, ба муҳлати 10 соли зиндон маҳкум шуд. Ҳамчунин барои шарик будан дар ин ҷиноят боз як шаҳрванди Қирғизистон Чингиз Абдураҳмонов ва шаҳрванди Тоҷикистон Ёқубхӯҷа Ҳомидов мутаносибан ба муддати 9 ва 8 сол равонаи зиндон гардиданд.


Ҳамаи онҳо муҳлати ҷазоро дар зиндони низомаш шадид адо мекунанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Абдураҳмон Тӯраев, ҳимоятгари вакили қирғиз хабар дод, ахири ҳафтаи гузашта дар бинои тавқифгоҳи муваққатии №2-и шаҳри Хуҷанд мурофиаи судӣ оид ба баррасии парвандаи се нафар гумонбаршудагон, ки ба қочоқи симоб гунаҳкор шуда буданд, ба анҷом расид.

Шаҳрвандони Қирғизистон дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддҳои 206, қ. 3 ((Муомилоти ғайриқонунии моддаҳои  сахттаъсир  ё заҳролуд бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан) ва 289, қ. 2 (Қочоқ) ва шаҳрванди Тоҷикистон мутобиқи моддаи 206, қ. 3-и КҶ ҶТ муттаҳам дониста шуданд.

Ёдрас мекунем, ки санаи 20-уми июни соли равон дар яке аз деҳаҳои ноҳияи Исфараи виояти Суғд кормандони милиса автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс» таҳти идораи шаҳрванди Қирғизистон Манасбек Нодировро боздошт намуданд.

Ҳангоми азназаргузаронии автомашина аз дохили он як миқдор маводи кимиёвии зарарнок – симоб дарёфт гардид, ки вазни он 90,5 килоро ташкил дод. Боз ду нафар шаҳрвандони Қирғизистон – Икром Сиддиқов ва Чингиз Абдураҳмонов ва ҳамчунин шаҳрванди Тоҷикистон – Ёқубхӯҷа Ҳомидов низ ҳамроҳи ронанда дар дохили ин автомашина қарор доштанд. Санаи 10-уми июл бинобар сабаби мавҷуд набудани далел нисбат ба даст доштани ронанда дар қочоқи симоб Манасбек Нодиров озод гардид.

Рӯзи 2-юми август Сиддиқов ба унвони директори маркази дифоъ аз ҳуқуқи «Адвокати ту»-и шаҳри Хуҷанд Муҳаббат Ҷӯраева ариза навишта, дар он дархост кардт, ки ба озодии ӯ аз тавқифгоҳ мусоидат намоянд, зеро ӯ вакили маҷлиси шаҳри Ботканд аст.

Ғайр аз ин, раиси шаҳри Ботканд Саидаҳмад Эрматов низ бо дархости мусоидат ба озод кардани вакили қирғиз ба прокурори вилояти Суғд Шариф Қурбонов ва раиси вилоят Қоҳир Расулзода низ муроҷиат намуд, аммо аз ин дархостҳо ҳеҷ натиҷае ҳосил нагардид.

Ҳимоятгари вакили қирғиз таъкид кард, ки ҳукм ҳанӯз ҳукми қонунӣ нагирифта, онҳо аз болои он шикоят бурданианд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?

“Ба мактаб баред, вале дар вақти дарс истифода накунед”. Вазорати маориф корбурди телефонро дар мактабҳо шарҳ дод

Баҳси бурдан ва ё истифодаи телефон дар мактаб ва ё вақти дарс солҳост идома дорад.

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.