Беҳбуди вазъи биноии чашмони Барзу Абдураззоқов


Ахири моҳи ноябр пас аз муолиҷа дар яке аз дармонгоҳҳои шаҳри Маскав коргардони маъруфи театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Барзу Абдураззоқов ба Душанбе бармегардад.

Дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» коргардон изҳор кард, ки айни замон вазъи биноии чашмонаш тадриҷан барқарор мешавад. «Табибон ваъда доданд, ки ҳудуди 50%-и биноии чашмони маро барқарор мекунанд, вале баргардонидани биноии чашмонам то ба замони ба садама дучор шудан ғайриимкон аст», – гуфт ӯ.

Қаблан Барзу Абдураззоқов хабар дода буд, ки бар асари садамаи нақлиёти рӯзи 10-уми октябр зарбу лат хӯрдаву чашмонаш низ осеб дидаанд. Ба қавли коргардон, муддати чанд рӯзи пас аз садама нури чашмони ӯ бо суръати хеле зиёд паст шуда, санҷиш нишон додааст, ки биноии чашми рости ӯ ҳамагӣ 6%-ро ташкил медиҳад ва агар фавран муолиҷа оғоз нагардад, метавонад аз чашми чапаш ҳам маҳрум гардад.

Ёдрас мекунем, ки муолиҷаи Барзу Абдураззоқов дар Маскав  бо кӯмаки як тоҷире, ки аз ифшои номаш худдорӣ меварзад, имконпазир гардид. Сипас даҳҳо нафар ба коргардон бо маблағи пулӣ кӯмак расониданд.

Коргардон мегӯяд, пас аз бозгашт ба ватан, ӯ дарҳол ба фаъолият хоҳад пардохт. «Ҳатто ҳангоми муолиҷа низ аслан ман аз фаъолият дар канор намондаам. Ба дӯстону ҳамтоҳоям занг зада, нақшаву тарҳҳои минбаъадаро баррасӣ дорем ва баъди бозгашт ба Душанбе дарҳол рӯйи як қатор лоиҳаҳо корро оғоз хоҳем кард», – афзуд Б.Абдураззоқов.

spot_imgspot_img

Популярное