Имрӯз дар ҷаласаи васеи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ оид ба молия ва иқтисод қарор шуд, ки лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2013» ба баррасии палатаи поёнии парлумони кишвар пешниҳод карда шавад.
Раиси Кумитаи мазкури палатаи поёнии парлумон Сафаралӣ Раҷабов дар ин робита изҳор кард, ки буҷети давлатии соли 2013 дар ҳаҷми 12,1 млрд. сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба буҷети давлатии соли гузашта 2 млрд. сомонӣ зиёдтар аст.
Мувофиқи пешгӯии ҳукумати ҶТ, соли 2013 ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар 42,1 млрд. сомонӣ, афзоиши ҳаҷми истеҳсолот – 7,4% ва сатҳи таваррум – 9%-ро ташкил медиҳад. Қурби доллар нисбат ба сомонӣ 5 сомонӣ барои 1 доллари ИМА пешгӯӣ мешавад. Касри буҷет бошад, дар ҳаҷми 210,5 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Қобили зикр аст, ки буҷети давлатии соли 2013 низ хусусияти иҷтимоӣ дошта, аз нисф зиёди воситаҳои буҷет (6,4 млрд. сомонӣ) ба соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ равона мегарданд.
Зимни суханронӣ дар назди вакилони парлумон роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори кишвар итминон доданд, ки сарфи назар аз қабули Кодекси нави андоз ва дар ин робита коҳиш ёфтани даромад аз андозҳо ба буҷет дар ҳаҷми аз 800 млн. то 1 млрд. сомонӣ, нишондиҳандаҳои лоиҳаи буҷети пешниҳодшуда иҷрошавандаанд.





