Мулоқоти раиси Маҷлиси миллӣ бо сафири Британияи Кабир


Ахири ҳафтаи гузашта раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ Маҳмадсаид Убайдуллоев сафири Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Тоҷикистон ҷаноби Ҷереми Робин Орд Смитро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ёвари раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ Шавкат Саидов хабар дод,  дар оғози мулоқот М.Убайдуллоев изҳори итминон кард, ки сафири нави Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Тоҷикистон баҳри тақвияти муносибатҳои гуногунҷанбаи кишварҳо, аз ҷумла таҳкими муносиботи байнипарлумонӣ кӯшиши зиёд ба харҷ хоҳад дод.

Ба қавли Ш.Саидов, раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ кӯшишҳои сафир дар масъалаи роҳандозии ҳамкориҳои судманд дар самтҳои ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон, афзоиши шумори квотаҳо барои таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар макотиби олии Британия ва ифтитоҳи филиалҳои муассисаҳои таълимии ин кишвар дар шаҳри Душанберо арзандаву муассир арзёбӣ намуд.

Зимнан зикр гардид, ки дар вохӯрӣ ҳамчунин масоили таҳкими заминаи меъёриву ҳуқуқии муносибатҳои дуҷониба ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. 

spot_imgspot_img

Популярное