Имрӯз дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бо иштироки сардори Раёсати маорифи шаҳри Душанбе Ҳамидуллохон Фақеров, намояндагони мақомоти давлатӣ, коршиносони бахши технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва рӯзноманигорон маросими рӯнамои сомонаи интернетии Раёсати мазкур баргузор мегардад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини директори Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии назди Раёсати маорифи пойтахт Асомиддини Шералӣ хабар дод, пас аз маросими муаррифӣ сомона бо суроғаи www.dushanbemaorif.tj ба фаъолият шурӯъ мекунад.
«Сомона муддати се моҳ таҳия гардида, тарзи кор ва гӯшаҳои сомона ба талаботи порталҳои бахши маорифи кишварҳои хориҷӣ ҷавобгӯ аст ва дар он аз бахшҳои тозае чун китобхона, онлайн-олимпиада, таҳсилоти фосилавӣ, маслиҳати ҳуқуқӣ ва ғайра метавон истифода намуд», – гуфт вай.
Ба қавли номбурда, дар бахши китобхона омӯзгорон ва толибилмон метавонанд 7 ҳазор нусха китобҳои элекронӣ бо забони англисиву русӣ ва тоҷикиро дарёфт кунанд. «Ғайр аз ин, дастрасӣ ба бахши онлайн-олимпиада низ таъмин гардида, хоҳишмандон аз рӯйи тамоми фанҳои дарсӣ метавонанд дар он иштирок намоянд», – афзуд А.Шералӣ.





